Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мастон, ки макони одамони ватанпарвари озоду озодихоҳ аст, маҳсули ҳаёти мардуми меҳнаткаши ҷафодида буд.

«Гӯрӯғлӣ» эҳтироми халқро ба зан, ба модар, майлу рағбати онро ба ташкили оилаи баробарҳуқуқ, муҳаббати онро ба фарзанд ифода мекунад, ҳаёти осоишта, дӯстӣ ва рафоқатро тарғиб менамояд, зулм, хиёнат ва худбиниро маҳкум месозад.

Таърихи ҷамъоварии «Гӯрӯғлӣ». «Гӯрӯғлӣ» ҳанӯз дар оғози солҳои сиюм диққати ходимони аввалин муассисаи илмии Тоҷикистон — Базаи Тоҷикистонии Академияи Фанҳои СССР»-ро ба худ кашида буд. База ба мақсади омӯхтани эпос ба як қатор маҳалҳои ҷанубии Тоҷикистон экспедиция равон кард. Натиҷаи кори ин экспедиция дар мақолаҳои корманди илмии ҳамонвақтии База А. Н. Болдырев ҷамъбаст шудааст. А. Н. Болдырев бо номи «Гӯрӯғлӣ» мавҷуд ва ба таври васеъ маъмул будани як силсила достонҳои қаҳрамонии халқиро маълум карда, ба як қатор масъалаҳои муҳими тадқиқи ин асарҳо дахл менамояд. Ӯ қайд мекунад, ки эпоси мазкур осори зиндагии давраҳои гузашта ва хусусиятҳои қадимии забони тоҷикиро нигоҳ доштааст. Достонҳои манзуми эпос махсусан дар байни тоҷикони ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ ва бештар аз ҳама дар ноҳияҳои Кӯлоб паҳн шуда, дар ин ҷойҳо бисёр гӯрӯғлихонони забардаст вомехӯранд. Достонҳоро бадеҳатан иҷро мекунанд, бинобар ин бе истеъдоди шоирӣ ин ҳунарро аз худ кардан ғайриимкон аст. Эпос вазни махсус дошта, ин вазн бо оҳангу мусиқа маҳкам алоқаманд аст. «Хусусиятҳои асосии ҳаҷми (яъне вазни) тоҷикии «Гӯрӯғлӣ» иборат аз он аст, ки мегӯяд А. Н. Болдырев, — ин ҳаҷм фақат дар вақти бо дутор хондан зоҳир шуда, таъсир мерасонад. Шеър дар вақти ба таври наср ва ба аккомпанемент хонда шудан ҳаҷми худ, асосии вазни худро гум мекунад»1.

Баъдтар ҷамъоварӣ ва нашри «Гӯрӯғлӣ»-ро Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ яке аз вазифаҳои муҳими худ қарор дод. Охирҳои солҳои чилум гӯрӯғлихони машҳури гармӣ Қурбон Ҷалил бо даъвати Иттифоқи нависандагон ба Душанбе омад. Шоирон Мирсаид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода аз ӯ як қатор достонҳои «Гӯрӯғлӣ»-ро навишта гирифта, ба нашр тайёр карданд. Солҳои 1941-42 аввалин маҷмӯаҳои достонҳои «Гӯрӯғлӣ» дастраси хонандагон ва аҳли илм гардиданд2.

Соли 1948 гӯрӯғлихони машҳури обигармӣ Ҳикмат Ризо ва баъди ӯ гӯрӯғлихони гармӣ Одина Шакар ба Институти таърих, забон ва адабиёти ФТАФ СССР даъват шуданд. Кормандони Институт аз Ҳикмат Ризо дар давоми бештар аз ним сол 34 достони «Гӯрӯғлӣ»-ро навишта гирифтанд, ки бештар аз 100

1 А. Н. Болдырев. Эпоси даҳонакии Тоҷикистон. Журн. «Барои адабиёти социалистӣ», 1934, № 11—12; К фольклору Таджикистана. «Труды Таджикской Базы АН СССР», 1936, т. III; «Устный эпос Таджикистана», альманах «Дружба народов», 1939, № 2.
2 Гӯрӯғлӣ, Сталинобод, 1941; Гӯрӯғлисултон. Сталинобод. 1942.

пешина
аз 295
навбатӣ