Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳазор мисраъро ташкил медиҳад. Репертуари навишташудаи Одина Шакар бошад, аз ҳазор мисраъ иборат аст. Дар ибтидои солҳои шастум шӯъбаи навташкилшудаи фолклори тоҷик дар ҳузури Институти забон ва адабиёт гирдоварии «Гӯрӯғлӣ»-ро яке аз вазифаҳои дараҷаи аввали худ қарор дод. Кормандони шӯъба репертуари се гӯяндаи сарихосорӣ: Қурбоналӣ Раҷабро ба ҳаҷми 60 ҳазор мисраъ, Ҳакназар Кабудро ба ҳаҷми 55 ҳазор мисраъ ва Забиров Талбиро ба ҳаҷми бештар аз 60 ҳазор мисраъ навишта гирифтанд. Дар зимни ин дар давоми кори экспедицияҳои фолклорӣ аз бисёр гӯрӯғлихонҳо достонҳои ҷудогона навишта шуд ва овози як қатор иҷрокунандагони эпос ба лентаи магнитофон сабт гардид.

Нашриёти «Ирфон» солҳои 1962 — 1963 иборат аз ду ҷилд мунтахаби репертуари Қурбоналӣ Раҷабро ба ҳаҷми 30 ҳазор мисраъ1 нашр кард, ки он соли 1966 бо хуруфоти махсус дастраси нобиноён карда шуд.

Соли 1975 нашриёти мазкур маҷмӯаи нави достонҳои «Гӯрӯғлӣ»-ро аз репертуари Ҳакназар Кабуд чоп кард2.

Ба ҳамин тариқ, як қисми муҳими репертуари гӯрӯғлихонҳои номӣ дастраси аҳли илму адаб гардид. Ҳоло дар Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи М. Горький АФ СССР, ки нашри серияи эпоси халқҳои СССР-ро ба ӯҳда гирифтааст, 20 достони «Гӯрӯғлӣ»-и тоҷикӣ аз репертуари Бобоюнус Худойдодзода, Қурбон Ҳалил ва Ҳикмат Ризо бо тарҷумаи русиашон ба нашр тайёр карда шудаанд, ки ба наздикӣ дастраси хонандагон хоҳанд шуд. Достонҳои ҷудогонаи «Гӯрӯғлӣ» мухтасаран ба қарта гирифта шудаанд.

Гӯрӯғлихонӣ ва мактаби гӯрӯғлихонҳо. Тадқиқот ва ҷустуҷӯйҳои бисёрсола нишон дод, ки эпоси қаҳрамонии «Гӯрӯғлӣ» бештар аз ҳама дар ноҳияҳои Кӯлоб ва қисман дар ноҳияҳои Ғарм паҳн шудааст.

Дар маҳалҳое, ки мардуми Ғарму Кӯлоб истиқомат доранд, анъанаҳои гӯрӯғлисарой то имрӯз барқарору бардавом буда, гӯяндаҳои «Гӯрӯғлӣ» ҳанӯз гули сари сабади маъракаҳои мардуманд ва маъракае, ки дар он гӯрӯғлигӯй ҳузур дорад, диққати аҳли маҳалларо ҳатман ба худ мекашад. Гӯрӯғлигӯе, агар аз ягон ҷойи дигар омада монад, меҳмони дилхоҳ ва азизи мардум мегардад.

Ҳанӯз дар байни ҷавонон шахсоне, ки ба гӯрӯғлисарой майлу кӯшиши зиёде аз худ зоҳир мекунанд, бисёр дучор мешаванд, протсесси аз насл ба насл гузаштани ин ҳунар ҳанӯз бардавом аст.

Номи эпосро мардум бештар дар шакли «Гурғулӣ», «Гургулӣ», «Гуруғлӣ» талаффуз мекунанд. Эпоси «Гӯрӯғлӣ» як силсила достонҳоро дарбар мегирад, вале мардум ба ҷои достон

1 Гӯрӯғлӣ. Ҷ. 1, Душанбе, 1962; Ҷ. 2, Душанбе, 1963.
2 Гӯрӯғлӣ. Душанбе, 1975.

пешина
аз 295
навбатӣ