Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
аксаран калимаи «банд» ва қисман калимаи «шоха»-ро истеъмол мекунанд. Дар воқеъ, ин калимаҳо яке аз муҳимтарин хусусияти эпос, яъне ба ҳам алоқаманд будани як миқдор манзумаҳоро бахубӣ ифода менамоянд, вале агар хусусиятҳои асосии ҳар банд, аз нуқтаи назари сюжет, устухонбандӣ ва образҳои адабӣ ба эътибор гирифта шаванд, истилоҳи «достон» ба онҳо мувофиқтар аст. Ҳар як достон номи махсусе дорад, ки ба таркиби он калимаҳои «банд», «шоха» ҳам дохил мешавад:
«Банди Ландахур», «Банди Райҳонараб», «Банди Сарандев», «Банди Қайсар», «Банди ба шикор рафтани Нуралӣ» ва монанди инҳо.
Иҷрокунандаи эпосро «гӯрӯғлигӯй», «гӯрӯғлихон» ё фақат «гӯянда» меноманд. Ба ӯ ҳеҷ гоҳ калимаҳои ҳофиз, бахшӣ, шоир, ки умуман дар забони тоҷикӣ маъмул буда, маънои сароянда ва эҷодкунанда ва иҷрокунандагони асарҳои халқиро низ ифода менамоянд, нисбат дода намешаванд.
Ба миён омадани гӯяндаи нав натиҷаи ташаббуси дутарафа аст: ғайрату кӯшиши шахсе, ки ба ин касб ҳавас пайдо мекунад, аз як тараф, дастгирӣ ва ёрии гӯяндаи таҷрибанок, аз тарафи дигар. Масалан, Шарифов Муродалӣ (аз ноҳияи Москва) аз 18 солагиаш ба ин касб майлу рағбат пайдо мекунад.
Вай ҳар чӣ ки мешунаваду мебинад, кӯшиш мекунад, ки дар хотир нигоҳ дорад, баъди ин худ пинҳонӣ машқ карда мегардад. Пас аз он ба назди устоде шогирд шуда аз ӯ таълим мегирад. «Ӯ ба мо падар барин гап буд, — қайд мекунад Шарифов дар бораи устодаш Ғафуров Давлатшоҳ, — қатӣ акаҳои ман рафтуомад дошт, аз як лав ӯ мегуфт, мо дар диламон машқ мекардем... аввал хабар надошт, баъд хабардор шуд, нишондон дод».
Нақли Ҳақназаров Кабуд (аз водии Вахш) низ ҳамин фикрро тасдиқ мекунад. Ӯро дар дил ҳанӯз дар айёми бачагиаш шавқи гӯрӯғлигӯй ба ҷӯш омада, дар ҳамон айём бо ҷидду ҷаҳд аз паси ин касб мешавад. Ба ҳар ҷо, ки гӯяндае бошад, ҳозир мешавад, кӯшиш мекунад, ки ҳар як сухани гӯяндаро дар хотир нигоҳ дорад, ҳаракатҳои ӯро бо диққат мушоҳида мекунад, оҳанги сурудро ба ёд мегирад. Баъди ин ба саҳро баромада, чӯберо бар даст гирифта, машқ карда мегардад, чанд вақт мегузараду бачагон хабардор мешаванд ва ӯро маҷбур мекунанд, ки чизе хонад. Баъд дар байни калонсолон ҳам камкам хондан мегирад. Баъди чанд вақт гӯяндаи машҳур Сангов Мурод хабар ёфта, ӯро таълим медиҳад.
Ба гӯрӯғлигӯй, ҳамоно, ҷавонони бисёре шавқманд мешаванд. Вале на ба ҳама аз худ кардани ин ҳунар муяссар мегардад. Гӯрӯғлигӯй истеъдоди махсус талаб мекунад. Барои ин овози форам, хотираи хуб, қобилияти шеърбофӣ ва мусиқӣ доштан зарур аст. Онҳое, ки яке аз ин хислатҳоро надоранд, гӯрӯғлигӯй, дар ҳар сурат, гӯрӯғлигӯи хуб шуда наметавонанд.
Гӯрӯғлигӯйҳои таҷрибанок бошанд, диққати ҷавононро, пеш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ