Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АдабиётАфсонаФарҳанг
Аз аввал хондан

аз ҳама, ба ҳамон воқеаҳое ҷалб мекардаанд, ки хеле муҳим ва қобили таваҷҷӯҳи махсус мешуморидаанд.

Шогирдон дар ҳангоми ба деҳу қишлоқҳои дигар сафар кардани устоди худ ба ӯ ҳамроҳ мешуданд ва дар маъракаҳои гуногун чӣ навъ хондани устодашонро мушоҳида карда, ёд мегирифтанд. Муддати шогирдӣ аз ду то панҷ сол, ҳатто зиёдтар аз ин давом мекард. Дар ин муддат шогирд ба корҳои хоҷагии устодонаш ҳам ёрӣ мерасонид. Масалан, яке аз гӯяндаҳои машҳури ҳозираи ноҳияи Данғара Саидалӣ-соқӣ, ки ҳоло дар марказии ҳамин ноҳия истиқомат дорад, пеш аз Инкқилоби Октябр ба яке аз гӯрӯғлигӯйҳои сариҳосорӣ Мулло Азим шогирд истода, ду сол дар хонаи ӯ зиндагӣ карда, обу ҳезуми ӯро таъмин кардааст ва дар корҳои деҳқонии ӯ иштирок менамудааст. Ҳангоми ба ягон ҷо ба сафар баромадан, дутор ва хӯрҷҳни устодашро бардошта ҳамроҳи ӯ мерафтааст.

Пас аз давраи шогирдӣ устод ё дар хонаи худ ва ё дар хонаи шогирдаш бо иштироки одамони обрӯманди маҳалла ҷамъомад ташкил менамояд. Дар он ҷамъомад шогирд имтиҳон медиҳад. Агар шогирд аз имтиҳон бомуваффақият гузарад, ба он устод унвони соқӣ дода, сару тан пӯшонда, бо тантана ҷавоб медиҳад. Шогирд баъд аз ин ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар байни аҳолӣ «Гӯрӯғлӣ» сарояд. Баъди ин ӯ соле якчанд бор ба хонаи устодаш омада, аз устодаш таълим гирифта, ҳунарашро такмил медиҳад.

Гӯрӯғлигӯйҳои гузашта аз ҷумлаи деҳқонони камбағал буда, деҳқонӣ манбаи асосии рӯзгори онҳо буд. Достонсаройҳои имрӯза ҳам аксар колхозчиёнанд, вале дар замони мо аз байни зиёиён ва хизматчиён низ гӯяндаҳо баромадаанд.

Мавқеи гӯрӯғлигӯй дар ҳаёти маънавӣ ва мадании мардум хеле калон аст. Маърака беҳтарин ва шавқангезтарин ҳамон ба шумор мерафт, ки достонсарой дар он бевосита иштирок дошта бошад. Дар гузашта ҳар кас кӯшиш мекард, ки ба тӯй, зиёфат ва ё меҳмондории худ гӯрӯғлигӯйҳоро таклиф кунад.

Гӯяндаҳои номиро аз ҷойҳои дур даъват карда меоварданд. Баъзан ба як маърака ду-се нафар гӯянда таклиф мешуд. Агар соҳиби маърака одами доро бошад, миқдори таклифшудагон боз ҳам меафзуд.

Пеш аз Инқилоби Октябрь гӯяндаҳоро бойҳо ва амалдорони феодалӣ низ ба маъракаҳои худ меоварондаанд. Мардум якчанд гӯрӯғлигӯйро дар хотир доранд, ки мири Балҷувон ҳар замон ба ҳузури худ даъват мекардааст. Гӯрӯғлихонҳои бо дарбори мирҳо алоқамандро «гӯяндаи мири» меномидаанд.

Бо вуҷуди ин шунавандагони асосии гӯрӯғлигӯйҳо омман деҳқонон буданд ва «Гӯрӯғлӣ», пеш аз ҳама, мақсаду маром ва орзую умеди онҳоро ифода менамуд.

Тарзи гӯрӯғлихонӣ. Дар ҷамъомадҳо, маъракаҳои тӯю зиёфат агар гӯрӯғлихоне иштирок дошта бошад, ҳозирон баъди тановули таом, бо илтимос ба ӯ муроҷиат мекунанд. Гӯянда,

пешина
аз 295
навбатӣ