Зеҳн
Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа

АфсонаФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

одатан, намешитобад. Баъзе гӯяндаҳо бо баҳонае таъхир мекунанд: монда шудаанд ва ё кайҳо боз нагуфтаанд, мумкин овозашон дуруст набарояд... Ҳар чӣ қадар гӯянда хонданро ба таъхир андозад, ҳамон қадар илтимоси аҳли маҷлиса қувват мегирад. Баъзеҳо достонҳои дӯстдоштаашонро ба забон гирифта, аз гӯянда хоҳиш мекунанд, ки маҳз ҳамон достонро хонад: «Ҳамон «Банди Сарандев»-ро бихон!», «Ҷанги Авазро бо турки Бағлон» бигӯ», «Ҳамон банди «Таваллуд шудани Нуралӣ»-ро сар кун» ва ғайра.

Гӯянда дуторро гирифта, лаҳзае кӯр мекунад ва тарзи хондани «Гӯрӯғлӣ»-ро риоя карда (яъне бо гулӯ), якчанд рубоӣ месарояд. Рубоиҳо мазмунан гуногунанд (ишқӣ, ғарибӣ, панд-омез, шикоят аз замона) ва бо мундариҷаи достон алоқае надоранд. Гӯянда рубоиҳоеро месарояд, ки ҳамон соат ба хотираш расидааст. Баъд аз ин ӯ терма мехонад.

Терма дар эпос вазифаи даромади сухан, аниқтараш, муқаддимаро адо мекунад. Дар он одатан дар бораи фонӣ, бебақою бевафо будани дунё, ғанимат будани ҳаёт, ғанимат будани сӯҳбати одамони нек, зарари ошноӣ бо мардуми бад, зарурати дӯстӣ, накӯкорӣ ва монанди инҳо сухан меравад.

Аз рӯи одат ин қабил масъалаҳоро ҳамаи гӯяндагон ба миён мегузоранд. Барои мисол аз термаи гӯяндаҳои ду маҳал: Ҳикмат Ризо (аз Обигарм) ва Раҷабов Қурбоналӣ (аз Сариҳосор) ду порча меоварем:

Аз ҳамраҳи ганда аз хубай тиёк,
Ай шаҳри ганда бӯра қишлоқ!
Ай бони мумсикда боши қашшоқ,
Моли мумсик хароҷоти бебоқ.
Ай шӯрбои аспда беҳай нони қок,
Ай гови лавандда беҳай тайлоқ.
Ай тут мешава шонаи шамсод1,
Дар хоро хори бадай янтоқ,
Ё зан ё марде бошад чатоқ,
Кор якунад, кунад шилтоқ!2
(Аз Ҳикмат Ризо)

Дунё ҳай, дунёи муваққат,
Зиндагонӣ хуб асту ғанимат,
Дар давра бишинӣ, бикунӣ суҳбат,
Гапи хуб дур асту қимат,

Бо одами ганда кунӣ сӯҳбат,
Гапи ганда доим ба иллат.
Кори ганда доим ба миннат.
Реб, ки бишинад, мекунад ғайбат...
Одами хуб мегирад раҳмат,
Ба ганда доим ҳастай лаънат.
(Аз Раҷабов Қурбоналӣ)

1 Шамсод — шамшод.
2 Шилток — шилтокӣ, фиребгарӣ, ҷанҷолӣ.
3 Реб, ки бишина — ба канор нишинад.

пешина
аз 295
навбатӣ