Эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ё худ фолклор бахшида шудааст. Дар он намунаҳои гуногуни жанрҳои шифоҳӣ гирд оварда шуда, хусусиятҳои бадеӣ ва таърихии онҳо таҳлил мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 295 саҳифа
Терма аз 60 то 100 мисраъ иборат мешавад. Гӯянда баъди хондани терма ё қадре танаффӯс мекунад ва ё бевосита ба хондани достон шурӯъ менамояд.
Вай тадриҷан авҷ гирифта, овозаш беш аз пеш қатъитару баландтар шуда, ҳаракати пайкараш аз миён боло суръат гирифта, манаҳашро мураттаб ба пеш таккон додан мегирад. Баъди каме фурсат сару баданаш арақ карда, либоси рӯяшро кашида мепартояд. Баъзе гӯяндаҳо дар вақти ҳаракат додани баданашон ғеҷида, ба миёни давра даромада мераванд. Гӯяндаҳое ҳастанд, ки дар айни авҷи хониш аз ҷой бархоста, дар миёни маърака роҳравон месароянд. «Дар ҷойҳои ҷанг шудан худам завқманд шуда, ба ду по мехестам» мегӯяд Раҷабов Қурбоналӣ. Гӯяндаҳое будаанд, ки дар даст қамчин ва ё чӯбе гирифта, манзараи аспдавонӣ ва ё шамшерзаниро тасвир мекарданд. Гӯянда баъди 30—40 дақиқа қадре дам гирифта, хонданро боз давом медиҳад.
Хондани як достон аз 5 то 8 соат тӯл мекашад. Одатан, гӯрӯғлигӯӣ бегоҳӣ, соатҳои 6—8 шурӯъ шуда, то ними шаб ва агар бевақттар сар шуда бошад, то баромади офтоб давом мекунад. Баъзе гӯяндаҳо дар айни авҷи воқеа нохост бас карда, дуторро чаппа пеши худ гузошта, пас аз илтимоси зиёди ҳозирон «ҷои ширинаш омад, бигӯ, намонаш», «нимкола мекунӣ, хуб не», «имшаб хобамон намебарад, агар нагӯӣ» ва ё баъди он, ки ба ӯ ҳадяе медиҳанд, хонданро давом медиҳад. Ин одати анъанавӣ буда, «банд андохтан» ном гирифтааст.
Аҳли маърака на танҳо аз аввал то охир бо камоли диққат гӯш мекунанд, балки мутаассир шудаву ба ҳаяҷон омада, ҳар замон ё ба гӯянда таҳсин хондаву арзи миннатдорӣ карда ё кори баҳодурони Чамбулро маъкул дониста ва ё ба душмани Аваз таъна зада, садоҳо мебароранд. Баъзеҳо ба ҷои худ нишаста натавониста, ғеҷон-ғеҷон ба гӯянда наздик шудан мегиранд: «ман ай қизиқма дар ҷоям шишта наметонам, аз ақибу пеш рафтана пуштам дарманд шуд!»—чунин арз карда буд яке аз шунавандагон. Дар ҷойҳои хузнангези достон гирья кардани ҷамъомадагон як ҳолати умумӣ ва доимист.
Занҳо низ достонҳои «Гӯрӯғлӣ»-ро дӯст медоранд. Ҷое, ки гӯруғлигӯӣ барпо мегардад, бисёр занҳо омада, гӯш мекунанд. Ин ҳолат дар гузашта ҳам мушоҳида мешудааст. Занҳо ҳатто ба олавхона — ҷои ҷамъомаду истироҳати мардони деҳ меомаданд.
Мундариҷа ва қаҳрамонҳои эпоси «Гӯрӯғлӣ». Сюжетҳои эпоси қаҳрамонии «Гӯрӯғлӣ» дар байни як қатор халқҳои Шарқ: озариҳо (ба номи «Кёроғлӣ»), узбекҳо, туркманҳо, эрониҳо ва афғонҳо паҳн шудаанд.
Гӯяндагони тоҷик сюжет, образҳо ва воқеаҳои маълуми ин эпосро истифода карда, дар заминаи анъанаҳои фолклори худ асари бузурге ба майдон овардаанд. «Гӯрӯғлӣ»-и тоҷикӣ бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ