Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

афзалият дар ҳолатҳое, ки ҳамчун табъиз дар асоси ҷинс, забон, миллат ва ғайра ҳисобида мешавад, роҳ намедиҳад. Ин масъаларо Конвенсияи ТБМ №111 “Дар соҳаи меҳнат ва шуғл” эътироф кардааст (1958).

Принсипи манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок. Принсипи манъи табъиз дар моддаи 7 КМ ҶТ инъикос ёфтааст. Масалан, қайд мегардад ки ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст. Фарқият дар меҳнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ мебошанд (аз рӯи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад. Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

Принсипи манъи меҳнати маҷбурӣ мутобиқи КМ ҶТ (моддаи 8) ва Конвенсияҳои ТБМ № 29 "Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ва хатмӣ" (1930), №105 "Дар бораи барҳам додани меҳнати маҷбурӣ" (1957) муқаррар карда шудааст. Мутобиқи моддаи моддаи 8 КМ ҶТ меҳнати

пешина
аз 496
навбатӣ