Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

маҷбурӣ манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. Меҳнати маҷбурӣ ҳисоб намешавад:

-коре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;

-коре, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми зери хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

-коре, ки дар натиҷаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки масъули назорати қонуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешавад.

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 8 КМ ҶТ кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ гузоштан мумкин нест.

Принсипи таъмини ҳуқуқ ба шароити меҳнати ҷавобгӯи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ. Ин принсип ба ҳар як корманд дахл дорад ва ҳуқуқ ба шароити коре, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ аст, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари кормандон, ҳуқуқи пардохти саривақтӣ ва пурраи музди меҳнат, инчунин имкониятҳои баробар барои кормандон бидуни ягон табъиз барои пешрафт дар ҷои кор, таълим ва таҳсилоти минбаъдаи касбӣ таъмин карда мешаванд. Ин принсип ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва

пешина
аз 496
навбатӣ