Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фарҳангии соли 1966 (моддаи 7), инчунин Хартияи иҷтимоии Аврупо аз соли 1961 (тағйирот дар соли 1996) асос ёфтаанд.

Моддаи 7 ин Паймони байналмилалии ҳуқуқи ҳар шахсро муайян мекунад: 1) ба маоши одилона ва музди баробар барои кори баробарарзиш бе ягон тафовут; 2) шароити корҳое, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ мувофиқанд; 3) истироҳат, фароғат ва маҳдудсозии оқилонаи давомнокии вақти кор ва таъмини рухсатии пардохтшавандаи ҳарсола, инчунин ҷубронпулӣ барои кор дар рӯзҳои ид; 4) имконияти баробар ба ҳама кормандон барои пешрафт дар кор танҳо дар асоси собиқаи корӣ ва тахассус.

Принсипи афзалияти ҳаёт ва саломатии корманд нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат (моддаи 35) ва саломатии инсон (моддаи 38) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд. Ин принсип дар муқаррароти фасли панҷуми КМ ҶТ, бобҳои 34-38 (моддаҳои 327-358) таҷассуми худро ёфтааст. Аз ҷумла, дар КМ ҶТ масъулияти корфармо дар таъмини шароити меҳнати бехатар, ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат, муоинаи тиббии баъзе гурӯҳҳои кормандон, имтиёзҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст, таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ, додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор ва корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ӯ

пешина
аз 496
навбатӣ