Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ба ҳоҷии дигари мо хабар додаанд, ки гӯё мо аз деги умумии маҳалла хӯрок мехӯрдаем, яъне рӯзе ду маротиба табақу косаҳои худро бардошта, ба сари деги маҳалла метохтем, ки дар он ҷо ҳукумати шӯро барои ҳамаи аҳли гузар карамшӯрбо мепӯхтааст.
Камина медонам, ки сарчашмаи ҳамаи ин овозаҳо радиои «Садои Америка», «Европаи озод» ва ғайра аст. Аз ин гапҳо бӯи мағор ва чанги шӯрахоки кулбаи фарсудаи ташвиқоти зиддисоветӣ меояд. Чанде пеш дар Москва протоколҳои комитети адлияи сенати ШМА нашр шуда буд. Ҳанӯз моҳҳои февралу марти соли 1919 адиби тараққипарвар Ҷон Рид, зани ӯ Луиза Брайант, Раймонд Робис ва дигар америкоиҳои ба Россияи советӣ сафаркардаро дар зери истинтоқ маҷбур мекарданд, ки ба газета ва радио баромад карда бигӯянд, ки дар Мамлакати Советҳо занҳо умумӣ шудаанд, ҳама аз як дег ош мехӯранд, дар таки як кӯрпа мехобанд ва ғайра ва ҳоказо.
Оре, ин гапҳо ҳамагӣ куҳнаву мағорзадаанд, лекин ҳаминаш алам мекунад, ки «Садои Америка» дар барномаҳои русиаш ин қабил хабарҳои ошкоро аблаҳонаро кайҳо боз намешунавонад, аммо ба забони форсӣ ҳамчунон ҷор мекашад ва чуноне ки аз ин дурӯза суҳбатҳо маълум мегардад, ба забони арабӣ ҳам мешунавонидааст.
Дар бозгашт аз хаймаи Абдуллои Фатҳӣ ману Исрофил боз ҳаками заршинос шудем. Шахсе як ҷуфт дастпонаи тиллои занонаро, ки бо нигинҳои ёқут ва алмосаш тақрибан ҳафтодҳаштод грамм вазн дошт, ба мо нишон дода, илтимос кард, ки ҳарфу рақамҳои маҳаки онро хонда, чӣ гуна тилло буданашро гуфта диҳем. Исрофил ин вазифаро ба хубӣ иҷро намуд ва соҳиби дастпона аз харидаш хотирҷамъ шуда, моро дуогӯён дур шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё