Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Акнун дар як тарафи пештоқ фақат пулсандуқи оҳании Саид Абдулло монд, ки онро ба ҷое кӯчонидан маҳол буд.
Бо вуҷуди ин ба пештоқ рӯболо дароз кашида пойҳоро ба болои пулсандуқ гузорам, ҷойгаҳи начандон бароҳат, аммо нисбатан тинҷтаре пайдо мешавад. Чӣ илоҷ? Дар касалхонаҳо беморони пояшон гаҷбаста дар ин ҳолат ҳафтаҳои дароз мехобанд.
Лекин дар ҷойгаҳи нави ман ба шарте хобидан мумкин, ки дар хоб ҳам фавқулода ҳушёр бошед. Чорчӯбаҳои беоинаи тиреза гӯё аз замони халифа Ҳоруннаррашид боқӣ монда бошанд, чунон куҳнаву фарсуда буданд, ки андаке шамол вазад, ё Мулло Ӯроқака, ё худ ҳазрати Наримон дар рӯи хона вазнинтар қадам партоянд, ба ҳазор мақом шақарросу шиқиррос мезаданд. Агар ҳангоми хоб ба тарафи чап саҳле биғелам, ҳамроҳи чорчӯба то ба фарши тангкӯча бе ҳеҷ мамониат парвоз хоҳам кард.
Ба ҳар ҳол аз кордонии худ хурсандам. Дар хонае ки майдони истиқоматбобаш бештар аз понздаҳ мурабаъметр нест ва дар он бояд ҳаждаҳ нафар ҳоҷии хушқадубаст ҷой бигиранд, гӯшаи алоҳида доштан ғояти некбахтист.
Ҷойгаҳи банда боз як афзалият дорад, ки бояд махсус қайд карда шавад. Ҳамин хонаи танг ба ҷуз мо, ҳаждаҳ нафар ҳоҷиён, аз субҳи содиқ то як-ду поси шаб панҷоҳ-шаст нафар меҳмонони моро бо навбат гунҷоиш медиҳад, ки як-дутоӣ, ё гурӯҳ-гурӯҳ омада, муддаои таъбашон суҳбат карда мешинанд. Аксари меҳмонон муҳоҷирони собиқ ҳастанд, ки ё аз саргузаштҳои худ нақл мекунанд, ё чӣ гуна дар Иттифоқи Советӣ фақат бо карамшӯрбо зиндагонӣ кардани моро пурсида фаҳмиданӣ мешаванд. Мувофиқи қонунҳои нонавиштаи одоб, мо бояд иззати меҳмонро бар ҷо оварда ва аз пеши ӯ наҷунбида, гӯш ба даҳону чашм ба андоми ӯ дӯхта нишинем, то ки хотираш озор наёбад.

пешина
аз 247
навбатӣ