Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ҳа-а-а.
– «Ҳа-а» мегӯяд-а! Агар ту ҳам одами дуруст мешудӣ, ба масҷид даро-баро карда меистодӣ, ҳозир кордат болои равған буд. Ҷӯраҳои ту ҳама ҳо вай Искандар барин маҳмадоноҳои бебизоат. Дар киса як тин несту такаббур бар осмон…
Ситораи тағоиям бо Искандар рост наомада буд. Боре ҳардуи онҳоро дар хона танҳо монда, чанд дақиқа ба кӯча баромада будам. Гашта омадам, ки тағоиям калӯшу маҳсиашро пӯшида, аз зина фаромада истодааст.
– Ҳа, тағо, чӣ шуд? Чаро хестед?
– Э, мон-е, боз «чӣ шуд?» мегӯяд-а! Як одам катӣ мана ҳамгап кардӣ, ки… О вай кофири таппа-тайёр будааст-ку!
– Шумо қизиқ, тағо, – гуфтам ба ӯ. – То кофиршудани вай чанд муаллим хуни ҷигар шудагию шумо…
Тағоям барои ин эзоҳот бо ман ҳам як ҳафта ногап шуда гашт.
Аммо дар аэропорт ӯ дар бораи фоидаи масҷидравӣ рост гуфта буд. Қориака пеш аз сафар ҳамин ҳоҷиҳоро ба зиёрати масҷиди Маскав бурда буданд. Исрофил кашола кард, ман ҳам аз дунболашон рафтам. То даме, ки биноҳои масҷид, туҳфаҳои ба масҷид додаи доктор Сукарно, Ҷамол Абдуносирро тамошо кардем, ба намози пешин мардуми бисёре ҷамъ шуд. Баъди намоз имоми масҷид эълон кард, ки як гурӯҳ ба ҳаҷравандагон имрӯз меҳмони мо мебошанд.
Бо овози бақуввати таъсирнок ва талаффузи тозаи арабӣ қуръон тиловат кардани Темурҷонқорӣ дар болои бори тавсиф сарбонӣ шуда, шуҳрати гурӯҳи моро то ба афлок бардошта буд. Дар рӯи ҳавлӣ моро қавми масҷид иҳота карда гирифтанд. Як гурӯҳ мӯйсафедон бехабар аз он ки ман дар байни ҳабдаҳ ходими дин ягона хизматгори илм ҳастам, дастонамро бо навбат мефушурданд, ба сару рӯям бо навозиш даст мерасониданд, ба китфҳоям аз ҳар сӯ меҳрубонона даст зада, хайрияти сафар ва роҳи сафед металабиданд. Ва дар айни замон кисаҳои худро кофта, пул дароз мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё