Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
ман ба исроҷи онҳо нигоҳ накарда, пулро намегирифтам. Бо вуҷуди ин вақте ки худро бо азобе аз миёни издиҳом вораҳонида, ба дарвозаи масҷид расонидам, аз кисаҳои паҳлуии пиджакам
22 сӯм ёфтам.
Ба ман пули муфт ҳаргиз намефорад. Ин хурофот нест, гапи хушку холӣ ҳам нест. Ин хулосаест аз таҷрибаи бисёрсола. Агар даҳ тини аз кӯча ёфтаамро ба киса андозам, ҳатман аз сӣ тини ҳалоли худ ҷудо мешавам. Боре дар айёми студентӣ дар вақти таътили тобистонӣ барои камтар пул кор кардан аз тарафи стансияи санитарӣ-эпидемиологӣ ба район ба командировка рафта будам. Вақти ҳисобӣ бухгалтери стансия дар қисми хароҷот барои нақлиёт 25 сӯм (бо пули куҳна) зиёд навишт. Зор монад, ё пул ширинӣ кард, ё ба чӣ хаёле рафтаму хап истодам. Рӯзи дигар фотоаппарати ҳаваскории 180-сӯмаам (бо пули куҳна), ки он солҳо боиси ифтихорам буд, туъмаи дарё шуд.
Бинобар ин 22 сӯми садақа гирифтаамро ба коғаз печонида, ба киса наандохта, то бе гоҳ дар муштам фушурда гаштам ва ҳамин ки бегоҳӣ Искандар аз кораш баромад ва мо дар ошхона вохӯрдем, пулро ба пеши ӯ монда маслиҳат пурсидам.
– Барои чӣ гирифтӣ? – ба истинтоқ даромад ӯ. – Ман аминам, ки ҳамаи ин пули нафақа ё музди меҳнати ҳалол аст.
– Ман нагирифтаам. Худашон ба кисаам андохтаанд.
Тиқилинҷ буд, нафаҳмида мондам.
– Каллаат дар куҷо буд? Ба кисаат ягон чизи дигар ҳам андозанд, «нафаҳмидаам» гуфта, бардошта мегардӣ?
– Э, бисёр оқсаққолӣ накун, лаққӣ! «Ман омадам ба дилхушӣ». Тавонӣ, ягон маслиҳат бидеҳ, натавонӣ аз фикри худам намонам!
Искандар як дашноми ду-се кулочиро гуфту пулро гирифта ба сӯи буфет рафт ва як даста билети лоторея харида омад.
– Ин чӣ мақомат?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё