Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Дигарон – ба сайри кӯчаву бозор. Банда сигаретаро оташ дода, ба зина баромадам ва дар ҳамон ҷои мурии тамокукашии ману мулло Ӯроқака рост истодам. Ногоҳ шарфаи пой ба гӯшам расид. Ба боло нигаристам, ки ҷавонзане аз қабати чаҳорум мефарояд. Классикҳо дар шеърҳояшон дилбарони сарвқомату симинтан, моҳпайкару оҳучашмро таъриф кардаанд-ку… Худи ана ҳамон ҷавонзани нозанин буд. Ман, ки бо хаёли Ватан, оила ва ёру дӯстонам банд будам, дар куҷо буданамро лаҳзае фаромӯш кардаам. Охир дар мамлакатамон ягон духтар ё зани соҳибҷамолро бубинӣ, чуноне ки ба асри зебои санъат ё ягон манзараи хушрӯи табиат бе ҳеҷ ғараз, бо ҳусни таваҷҷуҳ менигарӣ, аз тамошои вай даме баҳра мебарӣ, барои ин туро касе маломат намекунад.
– Ғайр аз янгаҳо гуфтанӣ ҳастӣ, албатта.
– Албатта, янгаҳо истисно… Банда, ки ҳанӯз дар қайди парешонӣ будам, беихтиёр ба ҷавонзан салом додаам. Ӯ бо ишораи сар алек гирифт. Аммо алек гирифтан замоно ба худ омад ва рӯи худро ба чодираш панаҳ карда «қиф» гӯён ба сарам дод гуфт. «Қиф» ё «қаф» гӯён дод мезаду ба поғундаи зинаи хокӣ пой мекӯфт. Фақат баъди ҳамин ҳушам ба ҷояш омад ва нимсӯхтаи сигаретаро аз телбагӣ ба киса андохта, чолокона ба хона даромадам. Ба фарёди ҷавонзан аз болову поён ду-се зани дигар тозон омаданд. Муддате ба қабри бобою модаркалонам хишт кашонида пароканда шуданд.
– Хайр, ҳеҷ воқеа нашудааст-ку.
– «Ҳеҷ воқеа нашудааст». Агар дар ҳамон асно ягон шариатшинос пайдо мешуд, ҷӯраи туро аз хона кашон-кашон бароварда сангсор мекарданд. Ё агар раҳм кунанд, ба зиндони адолаташон меандохтанд, ки бинобар таърифҳои ошнои ҳалвогарам, – -Ту бояд ҳафто нон ё як шиша коняк худоӣ кунӣ, – мегуфт Искандар.
– Рӯзи дигар дар каъбатуллоҳ ҳазрати Наримон вақти намози пешин ба саҷда рафта, дигар сар набардоштанд. Худат медонӣ, ки намози пешин даҳ ракъат мешавад, аҳволи ҳазратро дар Шереметево дида будӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё