Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Азбаски ба саломатии ҳар як ҳоҷӣ бо сари худ ҷавобгар шудаам, ночор намозро вайрон карда, ҳайкали думетрии ҳазратро аз болои реги тафсон бо азобе ба сояи айвон кашола кардам. Намоз ба охир расида-норасида атрофамро ҳомиёни шариат печониданд ва ба дашному дағдаға даромаданд. Ҳазрати Наримон беҳолона ба сутун такя карда менишастанд ва маҷоли ҳарфе гуфтан надоштанд. Банда калимаҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва арабиро ба ҳам омехта, фаҳмонданӣ мешудам, ки мо аз зарурат тарки намоз кардаем. Ман табиб ҳастам, ин мард гарчи хоҷаи асил аст, қалбаш заиф ва худ мариз аст ва ғайра ва ҳоказо. Суде набуд. Гирдомадагон ҳамчунон дашном медоданд, ҳатто як араби пири кӯса, ки офтобаи чӯяние дар даст дошт, мушти қоқ ва офтобаи гаронашро дар ҳаво таҳдидкорона алвонҷ медод ва гоҳ-гоҳе мушташро гӯё банохост ба сари китфу бозувонам мерасонид. Хоҷаи асилро бошад, дар айни замон бо лагад мезад. Хайрият, як ҳамшаҳрии муҳоҷирам, ки ба хонаи Зайнӣ Кӯшак омада мерафт, аз куҷое пайдо шуд ва ба мобайн даромада, ҳақиқати ҳолро ба бародарони барошуфтаи мо фаҳмонида дод.
Аз бағали ҳазрати бемор дошта, сӯи манзил мерафтаму ҳикоятҳои туро дар бораи сели кӯҳистон ба ёд меовардам. Ту мегӯфтӣ, ки солҳои пеш ба деҳаи ту ҳар баҳор сел меомадааст ва боғу майдону хонаҳои ба сари роҳаш вохӯрдаро хароб карда мерафтааст. Чуноне ки як вақтҳо худат дида будӣ, гаҳвора, самовор ва болорҳои дар рӯи мавҷҳои кафкин лаппас задаравандаро ман ҳам гӯё дар пеши назар дидам.
– Боз ҳафт нони дигар худоӣ мекунӣ. Таомул ҳамин аст, ҳоҷӣ, худат хуб медонӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё