Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
АЛ-МАДИНАТ-УЛ-МУНАВВАРА
Ин шаҳри чилҳазорнафарӣ сарфи назар аз хурдиаш, сермасҷидтарин шаҳри олам аст, аз афти кор. Чунин менамояд, ки аз мӯрии ошхона дида, манору гунбази масҷид зиёдтар аст.
Яке аз хизматгорони Маҳмуд Султони самарқандӣ, дар истгоҳи автобус моро пешвоз гирифта, бору бунамонро ба харароба бор карда, худ ба пеш даромад. Мо дар ин шаҳр дар хонаи хӯҷаини ӯ хоҳем зист. Вақте ки ҳанӯз дар Маккаи мукаррама будем ва ба иди қурбон тайёрӣ мерафт, Маҳмуд Султон ба хонаи Зайнӣ Кӯшак сар халонида бо Қориака дар хусуси истиқоматгоҳи инҷоии мо аҳду паймон баста буд.
Маҳмуд Султон писари яке аз рӯҳониёни давлатманди Самарқанд – Эшони Султонхони машҳур будааст. Падараш дар арафаи револютсия вафот кардааст. Писари зирак аз рафти шамол пай бурда рамаҳои чорво, молу мулки нақдина ва ҳашт
1 ҳазор таноб киштзори падарро, ки дар сари роҳи Панҷакент, байни Пули Муғоб ва Боғи Зоғон воқеъ будааст, «ихтиёрӣ» ба ҳукумати нав супурда, бадар кандааст. Баъди сарсонию саргардониҳои дусола оқибат дар Озарбойҷон аз сарҳад гузашта, аввал ба Эрону Туркия, сонӣ ба Арабистон омадааст.
Камина дар ватан гоҳо ба одамоне вомехӯрдам, ки мардум ба тавсифи онҳо ибораи «аз таки дор гурехта» – ро кор мефармуданд. Он ибора ба ҳар ҳол маҷозан истеъмол мешуд.
Акнун шахси аз таки дори ҳақиқӣ гурехтаро бо чашми худ медидам.
Маҳмуд Султон мардаки 70-солаи қадпасти бақувват ва хело серҳаракату сергап будааст. Он рӯзҳо вай 800 нафар ҳоҷиёни Эрону Афғонистонро дар ҳавлиҳои худ ҷойгир ку-
Бист ҳазор гектар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё