Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гап дар ин ки боре пайғамбарамон ба хаймаи писархондашон Зайд аз чӣ сабаб бошад, қаблан овоз набароварда дохил шуданд ва диданд, ки келинашон Зайнаб оббозӣ мекунад. Ҳазрат ҷавонзанеро ба ин соҳибҷамолӣ ва боз бараҳна дида, дақиқае гаранг шуда монданд. Сипас ҳуши парокандашудаи худро бо машаққате гирдуғун карда, ба худованд муроҷиат карданд:
– Ҳазор аҳсан ба ту, эй офаридгор, ки махлуқеро ба ин гуна зебоӣ ва фаттонӣ халқ кардаӣ. Ба чунин муъҷиза фақат худат қодирӣ.
Дере нагузашта, пайғамбар писархонди худро розӣ кунониданд, ки ба Зайнаб талоқ диҳад ва ӯро ба ақди никоҳи
1 мубораки худ дароварданд.
Ба кӯҳи Уҳуд рафтем. Дар ин ҷо мақбараи 73 шуҳадо, яъне
73 нафар шаҳидон воқеъ гаштааст. Дар вақташ 120 нафар пайравони пайғамбар дар ин мавзеъ бо лашкари ҳазору дусаднафарии кофирон рӯ ба рӯ омада, 73 нафарашон шаҳид шуда бошанд ҳам, оқибат ғалаба кардаанд. Шамшери муъҷизаноки ҳазрати Алӣ – Зулфиқор ба ёдам расид: вай дар ғилоф бошад, ҳамагӣ ду газ дарозӣ доштааст ва агар шери худо онро аз наём баркашанд ва ба сари душманон ҷавлон диҳанд, то дусад газ бузург мешудааст ва дар ҳар зарба каллаи дусад кофирро аз тан ҷудо карда, ҷони онҳоро рост ба ҷаҳаннам ба командировкаи доимӣ мефиристодааст. Аспи ҳазрати Алӣ Дул-дули забондони хирадманд ва шердил ба хотирам расид, ки лозим шавад, масофаи байни Шому Чинро, яъне байни уқёнуси Ором ва Баҳри Миёназаминро дар як мижа задан тай мекардааст. Агар худо накарда аҳволи лашкари ислом ба танг ояд, ташаббусро ба дасту пойҳои худ гирифта, худро ба

1 Дар нақле гуфта мешавад, ки пайғамбар писари худро ба ин иқдом маҷбур намудаанд. Ин ривоят ба ҳақиқат бештар мувофиқ бошад ҳам, оҳанги он аз одоби мусулмонӣ дур аст.

пешина
аз 247
навбатӣ