Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
фавҷи куффор мезадааст ва аз куштаҳои онон пуштаҳо месохтааст…
Дар гӯшаву канораҳои ҳар як зиёратгоҳ саррофон менишастанд. Мо риёлҳоро ба онҳо дода, танга мегирифтем. Дар ҳар зиёратгоҳ то сад нафар садақаталабон буданд, ки аз як гурӯҳи ҳоҷиён ба гурӯҳи дигар давида ва онро ҳалқасон печонида, то ҳамаи қурушҳоро наситонанд, ҳоҷиёнро ба ҳоли худ, ё ба тоату ибодат намемонанд. Пули майда аз кисаи бахшишталабон боз ба косаи мисини сарроф мерехт ва риёлҳои коғазӣ ба кӯлворчаи садақагирандагон. Аз садои «бахшиш! Ҳаҷҷӣ, бахшиш!» гӯши ҳоҷӣ як дақиқа ором намешуд. Аз ин анъана ҳама судманд буданд: ҳам саррофон, ҳам бахшишталабон, ҳам ҳоҷиёне ки бори кисаҳошон сабук гардад ҳам, боғи имонашон аз меваҳои таскиновар пурбор мешуд.
Дар паҳлуи кӯҳи Уҳуд ду-се дукони баққолӣ буд. Махсуми миҷ-миҷдаҳон аз он сӯ як чизи кадушаклеро ба сари синааш пахш карда, ҳар дам бо каҷкорди худ аз он чиз як қаламӣ бурида, хӯрдаравон меомад. Чизе ки ӯ мехӯрд, тарра будааст ва таъми бодирингро доштааст.
Исрофил инро дида, низ ба дукон рафта, як мушт резинкаи америкоӣ харида омад. Пас аз дақиқае нисфи гурӯҳи мо резинка мехоид. Ин чиз ба ман маъқул афтод: ҳангоме ки ҷоғатон меҷунбад, ҳар гуна фикрҳо аз сар дур ва дил аз ғусса озод мешудааст. Резинхоӣ фақат ҳамин қадар ҷиҳати номатлуб дошт, ки аз чеҳраи шахси кавшакунанда нури хосси қиёфаи инсон андак дуртар мегурехтааст.
Қориака дар болои қабри Ваҳшӣ Мерган ривояте гуфтанд.
Ваҳшии кофир мергани басо моҳир будааст. Ба тавсифи ӯ ҳамин қадар гуфтан кифоя будааст, ки масалан аз Мадинаи мунаввара истода, чашми чап ё рости мӯрчаеро ки дар кӯҳсори Тоиф аст, бехато мезадааст. Як кофирзане, ки писари ӯро сарлашкари ислом Амир Ҳамза кушта будаанд, ба Ваҳшӣ Мерган инъоми бисёре дода, хоҳиш кардааст, ки сарлашкарро кушта ҷигари ӯро ба ӯ гирифта диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё