Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Акнун лавҳаи бахшишталабиро дида, боз ҳамон рақамҳои иқтисодӣ ба хотирам омаданд.
Дар байни бахшишталабон мардҳои якдаста дида мешуданд, ки остинҳои холиашаонро дар шамол алвонҷ дода, аз тӯдае ба тӯдае медавиданд. Инҳо барои дуздӣ аз даст маҳрум шудаанд. Дар ин ҷо кас ба андозаи чоряк динор (даҳ риёл) чизе бидуздад, кифоя аст, ки як дасташро бибурранд.
Қуръони маҷид, агар фаромӯш накарда бошам, дар ояти чилудувуми сураи панҷумаш фармудааст:
«Дасти дуздро, хоҳ марду хоҳ зан, аз оринҷ боло буридан шояд, то ки мо (яъне аз худованди раҳим) ба ӯ панде бирасад».
Агар дуздӣ такрор шавад, пандро ҳам такрор мекунанд, дасти дигарро низ мебурранд. Касе намепурсад, ки чаро дуздидӣ, чӣ шуд, ки ба ин ҳоли табоҳ расидӣ? Қонун чу фӯлод сахт ва ҳамчу алмос тез аст:
– Меваи дуздидаат чанд риёл арзиш дошт?
– Даҳуним риёл, ҷаноб.
– Пас, дастатро ана ба ин ҷо, ба рӯи кунда бигузор. Ана ҳамту, ҳа, боракалло…
Солҳои пеш зиёда аз нисфи бенавоёне ки ба ин тариқа дарси тарбият мегирифтанд, ҳалок мешуданд. Ҷаллод дастро мебурриду ба он тарафаш коре надошт. Ё аз шоридани хуни бисёр гунаҳгор ҷон ба ҳақ таслим менамуд, ё ба ҷароҳати тоза чирке расида, боиси вайрон шудани хун ва ҳалокати серазоб мегардид.
Акнун бо маслиҳат ва кумаки бародарони америкоӣ духтурон ба иҷрои ҳукм назорат мекардаанд. Дар як тарафи кундаи қассобӣ ҷаллод истода даст мебуррад, дар тарафи дигар духтур истода йод мемолад ва ҷароҳатро медӯзад. Ин навигарӣ бори нахуст дар қаламрави ширкати «Арамко»
таҷриба шуда буд, ки аксари бародарони америкоӣ дар ҳамон ҷо гирд омадаанд. Аз он ҷо ба дигар шаҳрҳои кишвар ҷорӣ шуда рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё