Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Вале ҳуҷуми ҳақиқии бахшишталабон дар пеш будааст.
Тақрибан 60 нафари онҳо ки аксарашон бачаҳои 12-13 сола буданд, ба гирди ҳоҷиён баробар тақсим шуда, ҳаққи худро талаб мекарданд. Агар пули тангаи пешакӣ тайёр кардаамон тамом шавад ва «қуруш мафӣ», яъне қуруш нест гӯем, онҳо ба ҳоламон нагузошта, ба сӯи сарроф кашола мекарданд.
Дар ин ҷойҳо олами капиталро «олами озод» меноманд.
Дар олами озод Арабистони Суудӣ аз ҷиҳати сарват дар поёни рӯихат нест. Вай дар захираи нафт ҷои дувумро мегирад.
1 Ҳар сол ширкати Арамко то 80-90 миллион тонна нафти ин кишварро кашида, бо қубурҳое ки аз ҷанубу шарқи нимҷазираи Арабистон то ба соҳили баҳри Миёназамин тӯл мекашанд, ба бандарҳои баҳрии Лубнон мекашонад ва аз он ҷо ба киштиҳо бор карда, ба Европа бурда мефурӯшад. Як қисми пули нафт ба ҳамёни мубораки шоҳ меравад, қисми зиёдаш ба кисаи амакҳои аз он сӯи уқёнусомада. Бесабаб ҳам шоҳ Сауд пас аз миллиардерҳои ШМА дар номгӯи давлатмандтарин сармоядорони «олами озод» ҷои чаҳорумро намегирад.
Аммо мегӯянд, ки ба аълоҳазрати шоҳ ҳам осон дониста намешавад. Дар хонаводаи ӯ фақат аз шоҳзодаҳои асил 350 нафар ҳастанд, ки агар шумораи автомобилҳои сабукрави ҳар кадоми онҳо, худо нокарда, аз даҳ адад кам шавад, рӯзи ҳамаро бо ҷанҷолу хархаша сиёҳ мекунанд.
Пагоҳӣ дар чорраҳаи марказии шаҳр ғалтаки тахтагини кабели электрро дида, ҳамин чизҳо ба ёдам расида буд. Ғалтаки кабелро, ки дар мамлакати мо одатан шикаста ҳезум мекунанд, дар ин ҷо ба миёнаи чорраҳа рост монда, дар болояш чатреро устувор карда буданд. Ғалтаки куҳна мебоист вазифаи истгоҳи полис ва зинати маркази чорраҳаро адо мекард.

1 Аз ихтисори калимаҳои «Арабико-Амирекэн компания» – Ширкати нефти Арабистону Америка.

пешина
аз 247
навбатӣ