Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ҳоҷиҳо ба нутқи бағоят адабӣ ва боадабонаи ноиб-урраиси худ бо сари хам гӯш дода, хӯрданро давом медоданд.
Фақат Мулло Тешабой, ки яке аз он се нафар буд, лаҳзае аз болои коса сар бардошта, ба Исрофил бо тааҷҷуб нигарист ва дарҳол хам шуда, ба кори худ машғул гардид.
Исрофил баромада рафт.
То ба ҳамин қарибиҳо дар болои хӯрок, ҷои нишаст ё хоб кӯдакона талош кардани ҳамсафарон, ё дар сари дастархону кӯчаи серодам баҳузур бинӣ кофта нишастани онҳоро дида ғусса мехӯрдам. Чанд бор мудохила кардам. Суханам гӯё таъсир мебахшид ва авзои шунавандагон тағйир меёфт, аммо баъди соате медидам, ки боз ҳамон Аҳмади порина. Боз Махсуми миҷ-миҷдаҳон ё Мулло Тешабой яктагӣ офтобаро ба таки болинашон руст карда мехобиданд, то ки бомдод аз ҳама пештар таҳорат кунанд. Боз ягон кас ё дар кӯча, ё дар хона консерви ананас ё нимшишаи кока-коларо аз дасти шарикаш ҳанӯз ӯ ҳаққи худро нахӯрда, қариб чанг зада мегирифт…
Акнун ин гуна ҳодисаҳоро бинам, худро нодида вонамуд мекунам. Қориака раиси гурӯҳанд. Исрофил – ноиб-ур-раис.
Ба ғайр аз ин, ҳар кадоме аз ин қориҳо дар диёри худ, дар музофоте, ё масҷиде худро омӯзгори одоб шуморида мегардад. Хайрият, ки дар байни мардум мақоли «Гуфтаи муллоро куну кардаашро накун» нағз паҳн шудааст. Дар бораи муллою эшонҳо боз ҳазорон мақоли дигар ҳаст. Агар аз сад як ҳиссаи ин зарбулмасалу мақолу ҳикмату латифаҳо ба ҳамкасабаҳои ман дахл медошт, то ҳоло аз нангу ғусса мекафидам.
Сарашону равғанашон. Ҳамватанони ман дар Ватананд.
Бо ҳамин гуна мулоҳизаҳо мисли Исрофил ба аломати эътироз аз шӯрбо даст накашидам. Шӯрборо хӯрда берун баромадам. Исрофил дар рӯи ҳавлӣ наменамуд. Вай дар чойхонаи назди ҳавлии Маҳмуд Султон ба гӯшае нишаста, чою нон мехӯрд.

пешина
аз 247
навбатӣ