Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба пешаш рафта нишастам. Фармуд, ки боз як пиёла биёранд. Муддате сокит будем.
– Бачаҳоятро ҳоло хурдсол гуфтӣ-а? – ниҳоят пурсид Исрофил.
– Ҳа, калониаш дар синфи чорум мехонад. Охир ту аз ман шаш сол калон, боз барвақт ҳам хонадор шудаӣ.
– Писари ман иншоллоҳ олими калон мешавад. Аҷаб не ки аллкай олими калон ҳам шуда бошад. Намегӯяд-дия. Мумкин набудааст, – Исрофил дақиқае ба андеша рафт. Кадом як чизи гувороеро ба ёдаш оварда, худ ба худ табассум кард.
Мӯйлаби маллатобашро хушҳолона сила карда монд ва гуфт:
– Ҳамин қадар медонам, ки аз ким-чӣ хел як алангаи ҳарораташ бисёр баланд қувваи электр ҳосил карда, онро дар мушакҳои кайҳоннавард истифода мекардаанд. Ту ҳамин хел як чизро шунидаӣ?
– Айнан ин хелашро не. Ман шунидаам, ки аз алангаи сӯзишвории махсуси баландҳарорат ҷараёни электрро гузаронида, ба ин васила як навъ электромотори навро ба ҳаракат медароранд.
– Шояд ҳамон бошад. Ман аз ин гуна масъалаҳо кам воқифам… Худоро шукр, пагоҳ ба Ҷаддаи муборака меравем, аз он ҷо ба Хартум, – банохост оҳи сабуке кашида гуфт Исрофил.
Оре, зиёрати Мадина ба поён расид, пагоҳ ба Ҷаддаи муборака меравем.
Ҳамсафарон ба ҳарам рафтанд. ман дар ҳавлӣ мондам. Зарур бошад, намозро дар ҳамин ҷо ҳам хондан мумкин.
Дар сояи дарахти баланди хурмо, ки дар миёни ҳавлӣ расидааст, як мӯйсафеди афғон ба такаш дуто хишти хом гузошта, чашмони аз биниш мондаи худро бо кафи даст пӯшида нишастааст. Вай дар болохона истиқомат мекунад ва дар зарфи ин ду рӯз чанд бор дидам, ки аз зинаи начандон дароз палмоскунон то се-чаҳор маротиба дам гирифта мебарояд.

пешина
аз 247
навбатӣ