Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бечора диққи нафас доштааст. Ҳангоми зинабароӣ хиш-хиши гулуяш то ба ҳавлиҳои ҳамсоя мерасад. Бо ҳамин аҳвол чандин ҳазор километр масофаро тай карда, ба ҳаҷ омадааст.
Як рӯз бо телевизор занеро аз зали суд нишон дода буданд. Вай ба мазҳаби Панҷоҳрӯзиёни дини насронӣ ихлосманд шудаасту бо иродаи сардори рӯҳонии мазҳаб писарчаи дусолаи худро ба қурбонӣ додааст. Ҳар дафъа, ки банда ин қабил одамонро мебинам, фикр мекунам, ки агар садоқати устувори ба ҳар гуна ғояҳои мавҳум доштаи бани одамро дар як муддати кӯтоҳ ба ҷараёни дигар – ба ҷараёни барои ҳаёти имрӯза ва фардоинаи рӯизаминӣ судманд андохтан мумкин мешуд, ҳамаи оламро дар як ҳафта ба гулистони Ирам табдил додан мумкин буд. Аммо, ҳайҳот, зиндагонӣ як тӯда зиддият асту бас.
Ҳоҷиёни афғону эронӣ дар рӯи ҳавлӣ ҷунбуҷӯле доранд.
Офтобаҳоро аз чалак ва хумҳо пур карда, ба кунҷҳои ҳавлӣ, ба паси деворҳо мераванд ва таҳорат карда омада, ба хонаҳо медароянд. Ҳама гӯё дарди ҷонкоҳе пайваста озорашон медода бошад, бо рӯйҳои турш, қавоқҳои овезон ба сари сина чашм дӯхта ва поҳои худро гӯё базӯр кашолакунон мегарданд.
Кӯчаҳо ва майдонҳо, ҳавлиҳо ва растаҳо аз одам пур, вале аз ягон гӯшае садои ханда, ҳазлу мутоиба, ҳатто ашӯла баланд намешавад.
– Лабан! Лабан! Лабан! – фарёд мекашад ҷуғротфурӯше дар кӯча. Аз онсӯтар ба ӯ фурӯшгори дигаре ҷӯр мешавад, ки низ моли худро таъриф мекунад.

пешина
аз 247
навбатӣ