Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Эшонзода аз бӯсу канор тамом сармаст шудааст. Дар он дақиқа ҳатто ба хаёлаш ҳам намеомадааст, ки бахти аз ин бузургтаре насиби ягон зодаи инсон шуда метавониста бошад.
Аммо маъшуқа бо итоб гуфтааст:
– Дар бисти шумо ғайр аз бӯсу канор ягон чизи дигар ҳаст ё не? Чаққон бошед, ки кор дорам.
Эшонзодаи камтаҷриба акнун фаҳмидааст, ки духтарро «фариштаи очааш муччӣ накардагӣ» гуфта таъриф кардани кампири далла фиреб будааст, фаришта қабл аз афтодан ба оғӯши ӯ камаш ба чиҳил гӯлах оташ монда будааст.
Дар ин ҷои ҳикоя садои ханда баланд шуд. Чанде аз сомеон дар куҷо будани худро фаромӯш карда, қоҳ-қоҳ механдиданд. Қориака онҳоро хомӯш карданд.
– Хайр, охир, дигар фиреб нахӯрдед-мӣ, эшонак? – пастпаст хандакунон пурсид яке аз шунавандаҳо.
– Кӯр асояшро як бор гум мекунад.
Ва ба исботи он ки кӯр асояшро дигар гум накардааст, эшон боз як қиссаро нақл кард.
Пас аз он ки даму дуои мушкилкушои эшон дар байни аҳолии Мадинаи мунаввара ва мавзеъҳои атрофи он шуҳрат пайдо мекунад, як саррофи пири давлатманд ӯро ба хонааш даъват карда, илтимос менамояд, ки зани бемори ӯро аз шарофати дуои худ баҳравар гардонад.
Зани ҷавони сарроф дар мобани хона рӯи ҷогаҳ мехобидааст. Эшон Маҳмуд дар паҳлуи ӯ нишаста дуо мехонад. Дуохонон бо гӯшаи чашм мебинанд, ки аз таки пардаи сафеде ки ба рӯи зани бемор партофта шудааст, дасти сап-сафеду зебои ӯ намудор мешавад. Эшон овози худро баландтар карда, бо ҷаҳди дучандон хондан мегирад. Ҳангоме ки дасти нозуки ҷавонзан то соид аз таки парда берун меояд, ҳазрати эшон дигар тобу тоқатро аз даст дода, чобук аз ҷо барҷаста, аз тарқиши дар ба даҳлез ва аз тиреза ба рӯи ҳавлӣ назаре меандозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё