Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ва тозон ба сари болини бемор баргашта, пардаро аз рӯи ҷавонзан бармедорад ва дастони он соҳибҷамолро бӯсида хитоб мекунад:
– Эй ҳури биҳиштӣ, ман қомати камони шавҳаратро дидан замон фаҳмидам, ки дарди ту чӣ дардест. Савганд ба номи офаридгор, ки то туро аз чанголи дард наҷот надиҳам, фикру хаёли дигаре ҳаромам бод!
«Муолиҷаи» зани сарроф шаш моҳ давом мекунад. Дар ин муддат ҷавонзан аз дарди рӯҳӣ ва дигар касалиҳо, ки бефарзандӣ яке аз онҳо будааст, низ раҳоӣ меёбад.
Сомеон дар поёни қисса гӯяндаи онро бо нидоҳои таҳсинкунанда тақдир намуданд. То ин дам ҳамхонаҳои камина ҳам, ғайр аз Исрофил, ки зери лаб заҳрханда карда менишаст, як-як ба он хона гузаштанд. Акнун сомеон мизбони хушчақчақро саволборон мекарданд:
– Эшонака, чанд фарзанд доред?
– Дар ҳавлии худам шаш нафар, худоро шукр, сетоаш дастёр шудааст.
– Аз аёлҳо?
– Чорта. Алҳамдуллилоҳ, чорта. Афсӯс ки ин ҷо зан қимат аст. Пеш нағз буд. Дар Миср ҳукумат дигар буд ва дар ҳар сафарам мӯл равад бист – биступанҷ динор харҷ карда, як духтари олиҷаноб меовардам. Келини хурдиатон ҳабашдухтар аст. Арзон афтода буд. Арзон бе иллат несту қимат бе ҳикмат, мегуфтанд, дурӯғ будааст. Ё ғуломатон бандаи бобахт будаам, ки арзон бошад ҳам, моли бебаҳо баромад.
Ва ҳазрати эшон аз гармии мизоҷи зани хурдии сиёҳпӯсташ ва аз корҳое ки бо ӯ дар бистари заношӯӣ мекунад, ба ҳикоят даромад.
Худоё, мегуфтам худ ба худ ба кӯча баромада, бандаҳои бешуморатро гардам. Одамони гуногунро дида, нақлу ҳикоятҳои рангорангро шунида, то ҳоло надидаам, ки марде чунин нуктаҳоро дар бораи зани худ дар пеши одамони бегона бо лаззати тамом нақл карда нишинад.

пешина
аз 247
навбатӣ