Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Чӣ гуна мардуми боғурур ва нотарс будани афғонҳо маълум аст. Аммо калимаҳои сеҳрдор кори худро карданд.
Ҳоҷиёни афғон гӯё дар паси ҳазрати эшон лашкари бекарон ё фариштаҳои ба хизмат омадаи Ҷабраилу Азроилро дида бошанд, дигар ҳарфе нагуфта пароканда шуданд…
Эшони Маҳмуд дар муқобили ман истода тамоку мекашид ва низ ба осмон менигарист. Аз ноуҳдабароёна тамоку кашиданаш аён буд, ки ин корро чун кафшери суҳбат ихтиёр кардааст.
– Духтур, ба ман гуфтанд, ки ҳикояти маро аз он хона шумо ҳам шунидаед.
– Қиссаҳои аҷоибатонро ҳама гӯш мекарданд, ман ҳам.
– Айб намекунед-дия.
Ман китф ба ҳам кашида, чизе нагуфтам. Эшон як оҳ кашид.
– Дину диёнат футур рафтааст. Чӣ гуфтед?
– Шумо, эшон амак, одами ҷаҳондида ва ботаҷрибаед. Ин гуна нуктаҳо ба шумо аёнтаранд.
Аз суханҳои эшон аз худтанқидкунӣ дида, бештар бӯи кунҷковӣ меомад. Кирдори хизматгорони ҷосуснамояш ба ёдам расид, ки се рӯз боз ҳар як қадами аъзоёни гурӯҳи моро таъқиб мекарданд.
Қориака Маҳмуд Султонро фарёд карданд. Ягона бодбезаки электрӣ, ки дар ҳуҷраи он кас буд, вайрон шудааст. Ҳаво бағоят дим буд. Махсусан ҳавои беҳаракати ҳуҷраҳо.
Хурроки марғуладору ҳуштакомези ҳазрати Наримон аз ҳуҷраи мобайнӣ баромада, дар фазои ҳавлӣ паҳн мешуд. Оллоҳназарқориро хоб намебурд магар, ки ҳар дам бо овози баланд «Алҳамдуллилоҳ!» гуфта мемонд. Ё шояд ӯ ҳамди парвардигорро дар хоб ҳам тарк намекард.

пешина
аз 247
навбатӣ