Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Тарозуро ҳам ба осмон овехта мондааст. Ба Мадинаи мунаввара аз он фақат нури хираи сарде мерасаду бас.
Маҳмуд Султон ба пеши ман омад.
– Уф-ф, расо шалпар шудам-дия. Канӣ, духтур, шумо қатӣ якта тамоку кашем, – гуфт-ӯ.
Албатта, ҳаштсад ҳоҷиро бо ҷои хобу хӯроку автобус таъмин кардан ва ба гурӯҳҳо тақсим карда, ба зиёратгоҳҳо бурдан кори осон нест. Алалхусус имрӯзҳо ки давраи серҷанҷоли ҳисобу китоб расидааст.
Имрӯз пагоҳӣ дар ин ҳавлӣ ғавғое барпо шуда буд, ки аз он то чӣ андоза осон набудани пулкоркунии ҳазрати эшон равшан мегардид. Як гурӯҳ афғонҳое ки дар кадом як ҳавлии дигари эшон истиқомат доштаанд, ба сараш додгӯён омаданд, ки чаро онҳоро чанд рӯз инҷониб дар ин ҷо беҳуда нигоҳ медорад.
Эшон гуфт, ки иҷозаи сафар ба идоратулҳаҷ вобаста аст.
Ҳоҷиёни афғон талаб мекарданд, ки мизбон бозгашти онҳоро ба ҳар навъ ки набошад, бояд тезонад, чунки онҳо барои истироҳат карда гаштан пули изофӣ надоранд. Эшон далели худро такрор мекард. Ҳалқаи афғонҳо дар рӯи ҳавлӣ дар атрофи эшони танҳо торафт тангтар ва садои баҳсу мунозираи дашномомез торафт баландтар мегардид. Агар ҳазрати эшон устокорӣ карда, фарқи байни худ ва издиҳомро дар мавриди муносиб таъкид намекард, ба гумон буд, ки мубоҳисаи ӯ бо меҳмонони ба шӯр омадааш ба хушӣ анҷомад. Вай лаҳзае фикр карда истода, ба қиёфаи муҳосиракунандагонаш зеҳн монду яке аз онҳоро, ки назар ба дигарон пурошӯбтар изҳори ғазаб ва эътироз мекард, интихоб намуда, ба сараш бонг зад:
– Ҳой, хар! Чашмонатро ин қадар калон накун, ки касе наметарсад. Ин ҷо Арабистони Суудист!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё