Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Қурбон, ту ҳамшаҳрӣ буданатро ба соҳиби хона нагуфтӣ? – оқибат пурсид ӯ.
– Не. Магар ин шарт будааст?
– Надонам. Хайр, охир мегуфтӣ ҳам ҳеҷ зарар надошт-ку.
– Паспортҳои ҳамаамон дар дасти эшон. Худаш медонад, ки кадоме аз куҷоем.
Исрофил, бешубҳа, суҳбатеро шунидааст, ки дар бораи ман сухан мерафтааст. Лекин бо андешае намегуфт. Ҷин занад, аз ғусса хуни дил хӯрда нишастанам бас набуд, ки эшони ҳамшаҳрӣ дар атрофи ман ким-чӣ гуна торҳое танида гаштааст.
– Ин мардака ба ту маъқул аст? – пурсидам аз Исрофил.
– Ман тарафдори ту, парво накун, – самимона табассумкунон гуфт ноиб-ур-раис ва навозишкорона ба китфам зада монд.
– Ёд дорӣ, ҳанӯз дар Маккаи мукаррама будем, эшон ба хонаи Зайнӣ Кӯшак омада буд?
– Ҳа, ба ёдам ҳаст.
– Медонӣ, маро ба гӯшае кашида чӣ гуфт? «Ягон дору диҳед, духтурҷон, ришам сиёҳ шавад». Ба чанд даромадед, гуфтам. «Ба ҳафтод қадам мондам, лекин нигаҳам ҷавон аст.
Боз ягон чаҳордаҳсолаашро гирам-мӣ гуфта гаштаам».
– Медонам, Қурбон, охир, дина қиссаҳояшро ба ҳама гуфт-ку.
– Чӣ кор кунам? Ҳамшаҳрӣ агар одами хуб бошад, аз сараш гардӣ, меарзад. Лекин аз ҳазрати эшон дар мулоқоти якум дилам монда буд.
– Ман бо ту ҳамфикрам, Қурбон. Ғам нахӯр.
– «Тарафдори ту», «ҳамфикри ту».. Имрӯз тӯтӣ шудӣ магар?
– Хайр, азизам, мон ин гапҳоро. Зор монад, зиндагонӣ ҳазл нест. Ма, сақичи америкоӣ хой. Дар як дам ғаму ғусса фаромӯш мешавад.
Ду кас ба сақичхоӣ сар кардем.
Тарҷумон хабар овард, ки Қориака ба унвони аълоҳазрати шоҳ барқия фиристода, илтимос кардаанд, ки ба тезонидани бозгашти мо лутфи мадад кунанд. Дарвоқеъ, мо бояд панҷ рӯзи охирини сафарро дар Республикаи Муттаҳидаи Араб гузаронем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё