Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Иҷозат ба зиёрати панҷрӯза дар паспортҳои хориҷиамон аз фалон то фалон рӯзи муайян бо муҳру штампи сафоратхонаҳо қайд карда шудааст ва ин муҳлатро риоя кардан шарт аст.
Аз Абдусамадака илтимос кардем, ки аз рӯзномаи Мадинаи мунаввара камтар хонда, тарҷума кунад.
Мавсими мубораки ҳаҷҷи акбар ба хубӣ анҷом меёбад, хабар дода мешуд дар рӯзнома. Ҳукуматдорон ва дигар ашхоси ба ин маърака масъул бо як тартиби аълои беназир ҷараён кардани зиёрати садҳо ҳазор ҳоҷиёни расмӣ ва ғайрирасмӣ омадаро таъмин карданд.
Дар хабари дигар гуфта мешуд, ки имрӯзҳо қӯшунҳои Арабистон ва Штатҳои Мутаҳидаи Америка машқи якҷояи ҳарбӣ мегузаронанд. Дар машқҳо 70 тайёраи ҳарбии реактивии Арабистон ширкат дорад.
Ин хабар, эҳтимол, дар дили ҳоҷиёни мусофир мебоист ҳисси амиқи эҳтиром ба давлати марказии исломия ва бародари тавонои онсӯиуқёнусии вай бедор мекард.
Исрофилу тарҷумон рафтанд. Дар хонаи нимторик танҳо мондам.
Дар Ватан ҳозир айни вақти консерти нисфирӯзии радио.
Ба ягонта суруд зор шудам. Хоҳарам, Барно! Хоҳаронам Ҳанифа, Лайло…
Ба шунидани овози рӯҳнавози шумо муштоқам. Кош савте аз шумо ба ин ҷо мерасид ва ин гӯри нимторикро андаке мунаввар месохт.
Гоҳе ки кас мусиқии дӯстдоштаашро мешунавад, гумон мекунад, ки ӯро бардошта ба осмонҳо мебаранд, гӯё вай як ҷисми бузургу тавоноест, ба андозае бузургу тавоно, ки он аз ҳадду имконияти инсонӣ берун аст. Гӯё ҳамаи зебоӣ ва нафосати олам ҷамъ шуда ва сурати навоеро гирифта, ба вуҷуди ӯ дохил мешавад.
Дар хона савтҳои дилхоҳамро ба магнитофон навишта мондаам. «Гӯрӯғлӣ», операи дилпазири Ӯзаир Ҳоҷибеков аз он ҷумла. Дар охирҳои ин опера уфари шӯхи шӯрангез ҳаст, ки бо назокати худ ҳар касро тасхир мекунад. Уфари шӯх номаълум ба суруди муассири форсӣ гузашта меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё