Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Оё мумкин аст, ки кас аз ҳамин ҷо ба Маскав аз омадани худ хабар диҳад?
– Агар каси хабар медодагиатон телефон дошта бошад, мумкин. Ба кӣ хабар доданиед?
– Ба як рафиқам.
– Валя, – гуфт духтараки шӯх ба яке аз дугонаҳояш, – ба Аловуддин бигӯ, ки сеансаш тамом шавад, ба ин ҷо биёяд.
Валя рафт ва дақиқае нагузашта ҳамроҳи бортрадисти самолёт баргашт.
Радист ҷавони малламӯи мешчашми қадбаланде буд. Вай хушҳолона омаду ба духтарак ба таври низомӣ салом дода гуфт:
– Ғуломи ҳалқабаргӯшатон Аловуддин бо тамоми лашкари ҷину париҳояш ба фармони шумост! Оё мехоҳед, ки дар ҳамин ҷо, дар қабати атмосфера бароятон дар як лаҳза қасри олиҷанобе бисозанд, ё амр медиҳед, ки то ба манзил расидан ҳамаи гулҳои Москваро даста карда, ба Шереметево бор карда биёваранд, – бортрадист бо ҳамон оҳанги нимшӯху нимҷиддӣ боз як тӯда муъҷизаҳоеро номбар кард, ки аз дасти Аловуддини сеҳргар меомадаст ва дар анҷоми суханаш як байт шеъри русӣ хонд, ки мазмунаш тақрибан: «Ман ба фармони дидам, дил ба фармони шумо» аст.
– Боряҷон, – гуфт духтарак, – шӯхиатро монда исто. Ана ин кас ҳамон духтуре ки пагоҳӣ дар Хартум ба ту гуфта будам. Ин кас рақами як телефонро медиҳанд, аз порт ягон ошноят аз омадани ҳоҷиҳо хабар диҳад. Хуб?
– Миллион бор хуб, ҷонакам, сад миллион бор хуб.
– Хайр, хайр, яктояш ҳам бас.
– Рафиқ духтур, – гуфт бортрадист ҳамчунон бо тантанаи ҳазломез ба ман рӯй оварда: – Хоҳиши худро иҷрошуда ҳисоб кардан гиред. Аммо ман аз шумо як илтимоси калон дорам. Ба ин духтарак фаҳмонед, ки дил аз санг намешавад ва дар санҷиши…

пешина
аз 247
навбатӣ