Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Аммо ҳоло ки танҳо нестед, чӣ мегӯед?
– Ҳоло ки танҳо нестам, мегӯям, ки фақат як нафар аъзои гурӯҳам. Лекин шумо сардори гурӯҳед, Қориака.
… Мо дар салони калони ИЛ-18 нишаста, ба сӯи Маскав парвоз мекунем. Ҳавопаймо дар баландии даҳ ҳазор метр аст.
Яке аз духтарони стюардесса вақти ғундоштани зарфҳои наҳорӣ саҳле хам шуда гуфт:
– Бемалол бошад, ба салони буфет як сари қадам биёед.
Духтараки шӯх дар кунҷи буфет истода, микрофон дар даст бо мусофирон суҳбат мекард. Мегуфт, ки ҳоло дар болои гулӯгоҳи Босфор парвоз мекунем, берун аз борти сомолёт ҳаво 25 дараҷа хунук. Сонӣ микрофонро ба ҷояш овехта, маро ба пешгоҳтари салони танги буфет гузаронид ва ба пешам патнусеро монд, ки дар болояш як қадаҳ коняк, як шиша лимонад, дар табақчае як дона афлесун гузошта буданд.
– Ҳаққи шуморо нигоҳ дошта будем, – гуфт ӯ шармгинона.
– Аз меҳрубониатон сарфарозам, лекин акнун ба шароб нӯшидан эҳтиёҷе нест. Раҳмат ба шумо, духтари нағз.
– Афсӯс, – ғамгинона гуфт духтарак ва саволомез ба дугонаҳояш нигарист.
Ҳанӯз аз Хартум пай бурда будам, ки духтаракон ба камина хайрхоҳона менигаранд. Эҳтимол, дар назари онҳо ман яке аз ҳаматанонашон будам, ки дар хориҷа вазифаи душвори худро, чунон ки коммунистон ва комсомолон мекунанд, ба хубӣ анҷом дода меоянд. Ҳоҷати эзоҳ нест, ки муомилаи хуши духтарон ба камина бисёр мефорид. Хайр, аз рӯи инсоф гӯем, аз муомилаи илтифоткоронаи духтарони зебои хушкалом кӣ намеболад?
Қарор додам, ки ҳар чӣ бодо бод, аз ин муносибати нағз истифода барам.
– Лекин аз шумо як чизи дигарро пурсиданиам, – гуфтам.
– Марҳамат, ба ҷону дил, – чеҳрааш аз нав яла шуда, самимона гуфт сардори стюардессаҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё