Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Модоме ки кор чунин аст, каме дам гирифта, боз ба мобайни мардум хоҳам рафт.
Рости гап, мавриди таваҷҷуҳи одамони бисёре гардидан ба кас мефоридааст. Ман акнун равшан фаҳмидам, ки чаро одамони дуппа-дуруст, ҳатто одамони хело хирадманд ба парастиши шахси худ чандон бардавом муқобилат карда наметавонистаанд.
Тахмину таваккалкунон роҳ рафта, ба майдони васее баромада мондам. Кӯчаҳои бисёре дар ин ҷо ба ҳам мерасиданд. Дар миёни дутои аз ин кӯчаҳо иморати калони секунҷашакле менамуд. Вай бинои банки миллии Судон будааст. Дар зери айвони дарози паҳлуи банк бачаҳо қатор нишаастаанд. Яке пойафзол тоза мекунад, дуюмӣ коғазеро ба замини сангфарш паҳн карда, собун мефурӯшад. Сеюмӣ суратеро ба мобайни шиша ва картон гузошта, ба атрофаш зеҳи латтагин мечаспонад, яъне суратро барои овехтан ба девор тайёр мекунад.
Собунфурӯш бо овози баланди ҷарангосӣ «Собун! Собун!» гӯён кӯчаро ба сар бардоштааст. Ӯ маро дидан ҳамон ду кулча собуни ироқиро ба сӯям дароз кард. Бо имову ишора ба собун эҳтиёҷ надоштанамро фаҳмонидам. «Пас аксамро бигир!» – низ ба ишора гуфт бача ва собунҳоро ба замин гузошта, қоматашро рост карда ва гарданашро ёзонида, дандонҳои садафии худро намоён кард. Наранҷад гуфта сураташро гирифтам.
Бачаҳо аз Иттифоқи Советӣ будани маро фаҳмида бо шодиву хурсандӣ чунон ғавғое барпо намуданд, ки ман даступо гум карда, ба атроф парешонҳолона нигоҳҳо меафкандам, ки оё ба ин ғавғо роҳгузарон ва полисҳои дар таки дари банк истода чӣ мегуфта бошанд.
Ҷавони лавҳагар маро ба сандаличаи худ нишонида, бисоташро намоиш додан гирифт. Бисоти вай аз як дааста гравюраҳои ранга иборат буд, ки дар онҳо саҳнаҳои ҷудогонаи опера ва драмаҳои классикии англис ва ҳинд акс ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё