Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз чизи харида фаровонӣ сохтан амри маҳол. Агар Исрофил барин ба қуввати дуо эътиқод медоштам, ҳоло аз дилу ҷон ба оллоҳ ибодат бурда, дархост мекардам, ки ба кори давлати ҷавони Судон – ба мамлакати ин мардуми кушодарӯи меҳнатдӯст низ авҷу барор ато кунад, то ки зудтар соҳиби корхонаҳои калону тавоно бишаванд, ки шарти нахустини истиқлоли ҳақиқист.
Чӣ хуш ки на ба дуои ман эҳтиёҷе ҳаст, на ба дуои Исрофил. Халқ соҳиби тақдири худ бошад, ҳатман ба мақсад мерасад. Ана, дар Республикаи Муттаҳидаи Араб ҳоло мушакҳои пурқувват сар медиҳанд, ки қабатҳои болои осмонро тадқиқ мекунад. Бо ёрии мутахассисони мо бузургтарин оббанди ин қитъаро бино мекунанд.
Қориака аз ҳуҷраи худ баромаданд. Аз байни мо панҷ нафар, аз ҷумла каминаро интихоб намуда, гуфтанд, ки ба назди сардори департаменти оид ба корҳои динии Республикаи Судон меравем.
Қабули расмӣ бе ҳеҷ карруфару ҳашамат гузашт. Моро дар рӯи ҳавлии департамент истиқбол гирифта ба ҳузури сардор ворид карданд, дар пеши мизи сардор, ки мардаки тақрибан чилсолаи ришу мӯйлабтарошидаи ҳалиме буд, давра гирифта нишастем. Чанде аз хизматчиёни идора дар канораҳои хона рост истода, ба пеши мо оби мева, сигаретаву гӯгирд мегузоштанд.
Суҳбат асосан байни Қориака ва мизбон мегузашт. Сардори мо ба арабӣ хуб ҳарф мезананд. Умуман одами оқил ва ҷаҳондидаанд. Ҳоло тарзи суханронӣ ва муомилаи ин шахсро дида, дар дилам афсӯс мехӯрдам, ки агар эшон рӯҳонӣ намешуданд, ақаллан ба дараҷаи вазири ягон соҳа, ё олиме ки номаш ба сар то сари Иттифоқ машҳур гаштааст, ходими давлат, ҷамъият мешуданд.
Ходими дин ҳам ба мардум лозим аст, аммо на барои имрӯзу фардои мардум, балки ба хотири эҳтироми дирӯзи гузаштаи онҳо. Аҷиб, ки ҷамъияти инсонӣ ҳам табиат барин нозу карашма ва шӯхиҳо доштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё