Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Табиати ширинкор, масалан, дар тани одам узвҳое офаридааст, ки ба чӣ лозим будани он маълум нест, аммо ҳамон аъзои бенафъ ҳам гоҳ-гоҳе арзи вуҷд мекунад.
Аз гуфтушуниди арабӣ чизе намефаҳмидам ва ба андешаи худ банд менишастам. Дар Маскав гумон мекардам, ки тарҷумони гурӯҳамон дар ин гуна мавридҳо моро аз мазмуни суҳбат мухтасар бошад ҳам, огоҳ хоҳад кард. Лекин қоидаҳои гурӯҳи рӯҳониён аз дигар навъ мусофирон тафовут доштааст, аз афти кор.
Мизбонон таърифи Темурҷонқориро шунида, аз ӯ хоҳиш карданд, ки каме қуръон тиловат кунад. Вай ин супоришро бо хурсандии том адо кард. Темурҷон, ки овози бақуввату ширадори фораме дорад, ба назарам, ҳамеша ҷӯёи мавриди муносибест, ки санъати худро намоиш бидиҳад. Воқеан, тақозои ҳунарнамоӣ кардан ва тавсифу ҳасанот шунидан касалии он қадар ҳам нодира набудааст.
Даме ки мо бо қабули расмӣ банд будем, дар меҳмонхона мухбири сураткаши рӯзномаи «Ас-савра» мунтазирамон будааст. Ӯ ҳамаи гурӯҳро ба боғчаи меҳмонхона бароварда, қатор гузошт ва Қориакаро дар мобайн монда расм гирифт.
– Ана, – гуфтам ман ба Исрофил, ки ӯро ба ин муносибат худам аз ҳуҷрааш даъват карда овардам. – Акнун номи мутаваллии Уфа дар мамлакатҳои араб ҳам машҳур мешавад.
– Ҳар чи шавад, бо хости худо мешавад, – гуфт ӯ.
– Ҳа, албатта, – гуфтам дар ҷавоби ӯ ва дар дилам илова кардам, ки дар айни ҳол аҳамияти иродаи муҳаррири рӯзнома ё каси дигаре ки суратгирро ба ин ҷо фиристодааст, аз иродаи худованд заррае камтар набудагист.
Намедонам маро дар ботин чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст.
Пештар агар бишнавам, ки касе тақдири худ ё кореро ба хости худо ҳавола мекунад, ба ҳоли он шахс муддате дилам месӯхту баъд сухани ӯ ва худи ӯро фаромӯш мекардам. Ҳоло дар ҳар ҷой ки аз ин мавзӯъ ишорае шавад, дилам якбора танг шуда, фишор мехӯрад ва дар вуҷуди худ як хоҳиши рафънопазире ҳис мекунам, ки бо тамоми овоз фарёдкунон бигӯям: «Ҳой бас кунед!

пешина
аз 247
навбатӣ