Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ин аз пайваста ба гӯш расидани овози ҳалқумии ӯ маълум. Аммо банда забони ӯро намедонам ва ба дарди ӯ даво шуда наметавонам.
Дастаҳои радиоприёмникро ҳарчанд тофтам, ғайр аз тиловати қуръон ва садои дикторҳое ки ахбори одиро аз чӣ сабабе бошад, бо як оҳанги ҷанговарона мехонанд, чизе наёфтам.
Приёмникаш, зоҳиран, фақат аз шаҳрҳои гирду пеш мегираду бас. Кош ягон суруди форами арабиро мешунидам. Аз ҳамон сурудҳои зебои батаъсире ки ба туфайли фестивали ҷавонон дар Москва, баъд ба воситаи овози хуши Ботур Зокиров, Рашид Бейбутов ва Лайло Шарифова дар мамлакати мо ҳам паҳн шудааст.
Ба Тавфиқ дар ҳамин асно рашкам меояд, ки дар хонааш албатта радиоприёмники бақуввате доштагист. Хоҳад овози Боку, хоҳад садои Маскавро шунида менишинад.
Мулло Ӯроқака рост гуфта будааст, ки банда ба осмон бароям, аз поям мекашад, ба замин дароям – аз гӯшам. Баъди он ки маро аз кунҷи сартарошхона пайдо кард, ба ростқавлии ӯ дигар шубҳа надорам.
Бо мулло Ӯроқака ба ҳуҷра рафта, як пачка сигарета гирифта додам.
– Не, духтурҷон, ба ман ин қадараш лозим нест. Ман як тамокукаши ҳаваскор-дия, – эътироз кард ӯ. – Хайр, майлаш, шуморо нисфишабӣ ташвиш надиҳам гуфта мегирам. Майлаш, майлаш.
– Ташвиш кашидани ман аҳамият надорад. Шумо ташвиш накашед, шудааст.
– Ҳа-а-а, укаи ширин-е, киноя мегӯед-дия. Духтурҳо бисёр мардуми ҳазлкаш мешудаанд. Хайр, илоҳо дар ду дунё рӯи хориро набинед. Баробари қадатон шох нашиканад. Омин!
Дуоро гирифта, аз тақдири худ дар ҳар ду дунё осуда шудам. Акнун хоб кардан мумкин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё