Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҲАБСИ ИХТИЁРӢ

Умед доштем, ки ин саҳар ниҳоят тайёра мешавад ва моро аз хоб бедор карда хушхабар хоҳанд расонид. Аммо ҳама ҷим-ҷит буд.
Боз дар ресторан наҳорӣ хӯрда, дар пешайвони меҳмонхона нишастем. Сокинони дигари ҳотел баъди наҳорӣ ба муассисаҳои шаҳр ба кору бори худ баромада мераванд. Фақат мо ба курсиҳои бофта нишаста, пинак меравем, ё дар ҳар даҳпонздаҳ дақиқа бо ҳамдигар як-ду калима радду бадал мекунем.
Муллоҳо ва имомҳо-ку ба ин тарзи зиндагонӣ одат кардаанд. Вале ба камина ин хел истироҳати машаққатовар аввалин бор насиб гардидааст. Исрофил тамом сиҳат шуд. Ғайр аз ҳазрати Наримон дигар ҳама бардаму бақувватанд. Ҷин занад! Агар душмане дошта бошеду ӯро азоб додан хоҳед, барои хобу хӯрокаш шароит муҳайё кунеду нагузоред, ки бо касбу кори худ машғул шавад. Ба хаёлам, ин яке аз ҷазоҳои сахттарин хоҳад буд.
Хӯш, ин чӣ ҳодиса: ҳамсафарони ман аз фойеи меҳмонхона даста-даста рӯзнома бардошта меоянд. Ҳа, дар таки коса нимкоса будааст. Дар шумораи имрӯза расми дина гирифтаи суратгир чоп шудаасат. Афсӯс, ки расм хело хира баромадааст. Ба дараҷае хира, ки ҳар кас танҳо тарҳи ҷуссаи худро шинохта метавонаду бас. Ин ҳам ба шарофати он ки одам бо тарҳи қомати худ ба ҳар ҳол каму беш шинос аст.
Ба ҳам инаш ҳам шукр. Дар Судон матбуоти миллӣ нав, матбаа нав, суратгирию суратсозӣ акнун ба мароми муайян даромада истодааст.
Аз рӯзнома ман ҳам барои ёдгорӣ як шумора харидам.
Исрофил ба ҳуҷрааш рафт.
Бо чӣ кор машғул шавам?
Кай тайёра мешуда бошад?

пешина
аз 247
навбатӣ