Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Садоқати вай ба мо аён шуд. Барои он ки шасташ нагардад, ана ин гӯсфандро бурда бидеҳ ва бигӯ ки ба ҷои фарзандаш бикушад. Мо розӣ ва қонеъ мешавем.
Аз рӯзе ки ман ин қиссаро шунида будам, ба ҳазрати Ҷабраил меҳри махсусе мепарварам. Ҳазрати Ҷабраил масофаеро, ки одамон дар 500 ҳазор сол мебоист мепаймуданд (яъне масофаи замини пургуноҳ ва Арши аълоро) ва худашон ҳам дар мавридҳои дигар дар хеле фурсат тай мекарданд, он рӯз дар як лаҳза тай намуданд ва дар сари вақт расида омада, ба дами корди ҳазрати Иброҳим, ки ба гулуи ҳазрати Исмоил меронданд, бо қаноташон якта фароварданд ва кордро кунд карданд. Агар ҳазрати Ҷабраил фориғболӣ карда, намеомаданд, чӣ мешуд? Ҳар сол дар рӯзи иди Қурбон писаркушӣ расм мешуд, чунки кореро ки пайғамбаре кардааст, мо, мусулмонон, ҳақ надорем, ки накунем. Он гоҳ арӯсони бедомод, домодон бе бародар, бародарон бе додар мемонданд.
Эҳтимол, маро ҳам ҳоло шарафи ҳамроҳӣ кардан ба гурӯҳи ҳоҷиён насиб намегардид, зеро ё маро падарам ба даргоҳи худованди раҳим қурбон месохт, ё инҳоро – падарашон.
Ана аз ҳамин сабаб, ҳар гоҳ ки раги мусулмониам ба ҷунбиш омада намоз хонам, савоби онро нарезонда, начакконда, аввал ба унвони ҳазрати Ҷабраил равона мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё