Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

МОШОЛЛОҲ! МОШОЛЛОҲ!
БОЗ МОШОЛЛОҲ!

Мо дар Ҷаддаи муборак!
Акнун маълум шудагист, ки чаро ба даргоҳи Худованд беист сано мегӯем? Мо ба ватни пайғамбари охирзамон – Муҳаммад мустафо саллаллоҳу алайҳи вассалам расидаем.
Имрӯз саҳарӣ тайёра шуд ва мо доду фиғони парерӯз дар роҳи аэропорти Хартум кардаамонро бо овози баландтар такрор намуда ба он савор шудем. Дар се соат ба Порт-Судон расидем. Аз Порт-Судон боз парвоз карда ва аз болои баҳри Сурх гузашта дар як соат ба ин ҷо расидем.
Муҳайё шудани тайёраро мӯйсафедони мо аз шарофати барқияи ба аълоҳазрат ибн Сауд фиристодаи Қориака медонанд. Лекин ман пеш аз парвоз ҳанӯз дар Хартум фаҳмидам, ки сафирамон рафиқ Силин ҳам даст болои даст монда, бекор нанишаста будааст. Вай ба воситаи сафоратхонаи дар Хартум будаи Арабистон ба ҳукумати аълоҳазрат баъзе масъалаҳоро фаҳмонида додааст. Дарвоқеъ, охир мамлакати моро-ку мамлакати бединҳо, фалон-беҳмадон гуфта, аз субҳ то шом, балки аладдавом карнай менавозанд. Агар 17 нафар мусулмонони ба нияти ҳаҷ камарбастаи онро бо як духтураш аз ин зиёрат бо баҳонаи тайёра маҳрум созанд, баодобона карда гӯем, кори айб намешавад?
Ҳар чӣ набошад, мо дар Арабистон.
Камина мехостам баробари фуруд омадан ин воқеаро бо дуд кардани як сигарет хотирнишон кунам, вале тамокукаширо низ манъ карданд.
– Эҳром дар тан папирос кашидан мумкин нест! – гуфтанд якбора чанд нафар аз ҳамсафарон.
Хуб, хуб, мумкин набошад, мумкин набудааст. Мо ҳам чандон гӯлу гаранг нестем ва медонем, ки дувоздаҳ аср инҷониб дар олами ислом баъди ибораи «мумкин нест!» чуну чаро намегӯянд.

пешина
аз 247
навбатӣ