Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Акнун дар ин деги бузурги одамҷӯшак моро ба ҷуз паноҳ овардан дар зери бомҳои Зайниддини Кӯшак илоҷе нест.
Ҳангоме ки сайёраҳои кироӣ омодаи роҳ мешуданд, Исрофил ба назди ман омада гуфт:
– Ман ҳамроҳи ту бошам?
Вай гӯё ҳамаи қуввати рӯҳии худро гирдуғун карда, дар чеҳрааш ифодаи таваллоомезе сохта буд.
– Марҳамат. Ман ба ту ҳайрон, Исрофил. Чаро мепурсӣ?
– Не, ман дигар чиз гуфтанӣ будам. Хайр, майлаш.
Ноиб-ур-раиси мо ба як тарзе ки ба унвони баландаш намезебид, гарданашро каҷ карда, бо вазъияти гунаҳкорона ба зери пояш менигарист. Симои Исрофили бечора ҳоло мурғи пару болрехта ва ба замми ин ба об афтодаеро ба хотир мерасонид. Чӣ шуд ба ӯ? Наход мағали мардуму мошинаҳо ва кӯфтагии роҳ ӯро ба ин ҳолат расонида бошанд?
Қариби говгум ба ҳавлии Зайнӣ Кӯшак расидем. Аз байни ду қатор катҳои яккасаи чӯбин, ки эҳромпӯшони бисёре дар болои онҳо менишастанд, гузашта ба долони торике ворид шудем. Аз долон ба роҳраве ва аз он ҷо ба хонае дароварданд, ки деворҳои аз чирку дуд сиёҳ ва дар се тарафаш нимсуфаи камбаре дошт. Соҳибони ҳавлӣ бо Қориака ва Ҳоҷӣ Халил чун ошноҳои дерина гарм пурсупос мекарданд.
Дар пойгаҳи хона самоворе дудкунон меҷӯшид. Дар онсӯтар примусе варрос мезад ва дар болои он низ дар қумғоне об меҷӯшид. Аз роҳрав, ки дар як гӯшааш таҳоратхонаи ба рӯяш парда кашидашуда воқеъ гашта буд, бухори гарм ва дилбеҳузуркунандаи чиркоба ба димоғ мерасид.
Дар рӯи хона дастурхон партофтанд. Ҳама аз суфачаҳо бархоста, ба гирди дастархон дузону нишастанд. Исрофилро ҳарчанд ба боло кашола мекарданд, ки аз рӯи мартабаву ришу фаши худ ҷой бигирад, ӯ аз паҳлуи ман нарафт.
– Агар ҷои истиқоматамон ҳамин бошад, ба ҳоли шумо дилам месӯзад, – гуфтам ба ӯ.
– Чаро фақат ба ҳоли мо? Худат чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё