Гаҳворабахш

Аммо ғашу ғиреви духтарча зиёд шуд, ки кам не...
Малоҳат очачаи балоча будааст: чақкон Дилнозаро аз катчааш бардошту «ором шав, Дилноза. Очат ҳозир бозор рафт, жвачкаю яхмос меорад» гўён ба навозиш даромад ва дар як он духтарчаи гирьёнчакро хандончак кард. Дукаса хўрок пухта хўрданд. Баъд зочабозӣ сар шуд.
Муддате гирумони онҳоро тамошо карда, рости гап, зиқ шудаму китоб дар даст ба диван дароз кашидам. Саҳифаи якумро пурра нахонда, ҳис кардам, ки чашмам гарм мешавад...
... Дараи Хушобро медонед? Он дар тарафи офтобфарои шаҳр, дар бағали кўҳҳои ҷомасабзи салласафед доман паҳн кардааст. Ин макони афсонавӣ манзараҳои дилфиребу гўшаҳои хилват бисёр дорад. Аз ҳамин сабаб шоирон ин мавзеъро ҷавлонгоҳи ошикон номидаанд.
Кайҳо боз дар нияти он будам, ки ҳамроҳи Малоҳат сайри ана ҳамин дараи Хушоб биравем. Ва инак, орзуи ниҳонӣ ҷомаи амал пўшид. Ҳар ду пиёда ба тамошои дараи ошиқон рафтем. Дастибадаст талу теппаҳои гулпўшро аз қаду бар қадам зада, аз лолаи умед дастагули меҳру вафо баста, мондаю шалпар шудан пас канори рўди Хушоб нишастем. Насими серун вазида, буи муаттари гулу гиёҳро ба димоғ мезад. Зам-замаи оби равон бо хониши булбули хушилҳон як шуда, ба гўш форам мерасид. Мо бо шавқу илҳоми саршор байтбарак оғоз кардем.
Баъд Малоҳат таклиф кард, ки мурғобӣ шавем. Вай оббозиро аз ман беҳтар медонистааст. Сабук шино карда, дар як мижжазанӣ он тарафи дарьё гузашт ва болои тахтасанги суфамонанде дароз кашид. Мани дарьёнадида ва шинонаомўхта бо ранҷу азоби зиёде ба соҳили дигар гузаштам ва дир-дир ларзида, паҳлуи гули садбарги сафеди бомалоҳат нишастам.
Дар назди парии обӣ соатҳои дарозе беҳаракат нишастам мехостам.
Аммо нигоҳи гуруснаи чашми сабил лаҳзае ором наистода, аз сар то пои ин духтари баландболо мелағҷид. Дили ноором лаҳза ба лаҳза волаву шайдо мешуд.
— Мало! — пичиррос задам бо чашмони пўшида. — Ҳой Мало!
— Ҳа, — овози форами духтар аз дур ба гўш расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё