Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Туро дўст медорам!
— Бовар намекунам...
— Рост мегўям, Мало. Қасам ба номат, ки рост... Ту ҷони ман, умеду имони ман астӣ. Бе ту зиндагӣ бар ман ҳаром аст.. Ту. Ту гули ягонаи ман, гавҳари якдонаи ман...
— Гавҳари якдона? Бовар намекунам!
— Эҳ, Мало! Мало... Барои чӣ маро азоб медиҳӣ? Чаро ба ман бовар надорӣ?
— Аз Шумо дилам пур. Фақат... як шарт дорам...
— Чӣ хел шарт?
— Мегўянд, ки дар каъри ана ҳамин дарьёи Хушоб гавҳари сероби рахшон ниҳон аст. Агар ҳамонро ба ман ёфта диҳед, он гоҳ... гавҳари якдонаи шумо мешавам...
— Ба чашм! Ҳозир...
Қад-қади дарьё муддате болою поин қадам задам. Дар кимкуҷоҳое хонда будам, ки моҳӣ дар тезоба не, балки дар ҷои кўлии дарьё бисёртар меистад. Фаразан, гавҳарро ба моҳӣ киёс карда, худ ба худ чунин хулоса баровардам: гавҳари рахшон бояд дар кўлоба пинҳон бошад!
Далерона ва бо ҳазорон орзую умед ба Хушоб даромадам. Бо нўки ангуштони пойҳо сангҳои лағжонакро ламс кардаю оҳиста-оҳиста роҳ кушода, ба ҷои аз ҳама чуқури дарьё наздик расидам. Изтиробу ғалаёни дил торафт боло мешуд. Бо кунҷи назар ба соҳили дигар нигаристам:
Малоҳат дикак нишаста, ҳаракатҳои маро бо шавқ наззора мекард. «Ё, бахт!» гўён, чуқур нафас кашида, васеътар қадам гузоштам ва яке...
поям лағҷид. Бо тамоми овоз дод гуфта, ҷонҳавлӣ ҳудро тарафи соҳил партофтам...
...Хандаи ҷарангосии Малоҳат маро ба худ овард. Маълум шуд, ки вай ба ҳоли мани хоболуди аз диван афтода механдад. «Хайрият, ки ин нобарорӣ дар хоб будааст, — худро таскин дода, аз нав ба диван нишастам. — Агар дар бедорӣ мебуд, чӣ мешуд?»
Малоҳат хандон ба паҳлуям иишаст ва бо меҳрубонӣ пурсид:
— Ҳа, хоболуд, чӣ гап шуд?
— Як хоби ганда дидам: ҳар дуямон шалаппӣ ба об афтодем!

пешина
аз 80
навбатӣ