ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Манзили онҳо дар қабати дуюми ҳамин бино буд. Роҳ мерафту ҳанўз аз қайди андешаҳои ғализ берун намешуд. «Хайрият, аз он балои ногаҳонӣ халос шудам. Лаънатӣ!
Ин хел шилқинашро дар умрам бори аввал мебинам. Гуфти бузургон, ки аз дар ронӣ, аз тиреза медарояд. Сар медиҳаду намедиҳад сар» гуфтагӣ гап ҳам дар ҳаққи ҳамин зумра одамон будагист».
Очаю бачаҳо ба бинои чорошёна наздик шуданд. Ана, онҳо дар назди дари даромадгоҳ. Адолат ба пасу пеш нигоҳ карда, акнун нияти ба ошёнаи дуюм баромадан буд, ки дар рў ба рўяш мирзодикак барин он ҷавон пайдо шуд. Адолат дар ҷояш ҳайкал гашт. Табассуми безеб гирди лабони ҷавон гиреҳ баст.
– Салом, ҳамсоя. Мебахшед, шуморо тарсондам.
Адолат хомўш буд. Фирўзу Фирдавс ҳайрону музтариб, гоҳ ба рўи ҷавон, гоҳ ба рўи модар менигаристанд, вале ба чизе сарфаҳм намерафтанд.
Ҷавон: – Ана, дидед. Кўҳ ба кўҳ намерасад, одам ба одам мерасад гуфта будам. Гапи ман шуд?
Сари Адолат чарх зад. Қариб буд, ки мувозинаташро гум карда, нақши замин шавад. Бо як азоб худро ба даст гирифта, аз дасти бачаҳояш кашолакунон шитобон боло баромад. Саросема дарро кушода худро ба дарун зад ва дарро қулф кардаю занҷирро гузаронда, худро боло диван ҳаво дод. «Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам, – аз дил гузаронд ў. – Акнун ҳамааш фаҳмо. Вай ҳамаашро медонад. Мақсади ин мардак маълум. Чӣ бояд кард?
Сарамро ба куҷо занам? Дар ин бевақтии шаб дари киро кўбам?
Вай ба ман рўз намедиҳад. Хоҳ-нохоҳ аз қафоям омада ба куҷое ки равам, меравад, ба кадом гўре, ки дароям, медарояд. Не, набояд ба осонӣ мағлуб шуд. Ман бояд илоҷе карда ҳамин шаба худаш аз ин ҷо фирор кунам. Барои ман фарзандонам аз ҳама чиз авло. Агар нагурезем, вай яқин ҳам пуламонро мегирад, ҳам худамонро мекушад».
Адолат аз ҷо бархоста, оҳиста ба хонаи хоб гузашт. Чароғро дарнагиронд. Як гўшаи пардаро оҳиста боло бардошта ба берун нигарист. Чашмаш ба он ҷавон афтод. Вай бо як нафари ба худаш ҳамсинну сол сўҳбат дошт. Ногаҳон ҷавон ба рафиқаш хонаи Адолатро нишон дода, ким-чиҳо гуфт.
Дар рўи Адолат ранг намонд. «Ана, нагуфтам. Вай танҳо нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё