Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шарик доштааст. Нақша кашида истодаанд».
Фирўзу Фирдавс аз олами ғаму андўҳи модар бехабар дар хонаи худашон машғули бозӣ буданд. Адолати бечора бошад, ба худ мепечиду дар оташ месўхт. Орухона гашта буд сараш. «Худоё! Чӣ кор кунам? Аз кӣ маслиҳат пурсам? Дар ин бино одами наздик, дардошно надорам».
Ҳа, дуруст мегўяд вай. Дар ин ҷо одами нав аст, ду моҳ қабл ба ин хона кўч баста буд. Ҳаққу ҳамсояҳоро ҳоло чандон хуб намедонист, ба онҳо унс нагирифта буд. Саҳар қатӣ ба кор мерафту бегоҳ ба хона меомад. Имконияти бо ҳамсояҳо дуруст шинос шудану сўҳбат кардан надошт. Фақат гоҳ-гоҳе ба ҳамсоязани рў ба рў – Ҳамида хола вохўрда сар-сарӣ ҳолу аҳволпурсӣ мекарду зуд хона даромада аз паи ташвиши рўзгор мегашт. Аз чӣ бошад, ки ў ба кампир чандон часпоиш надошт. Ҳамида-хола дигар занҳо барин шилқину хира набуд. Бо даъвати Адолат як бор – ду бор ба хонаи ў даромада амонат нишаста як пиёла чой нўшида-нанўшида баромада мерафт. Ба дигар ҳамсояҳо бошад, ҳамту даҳанакӣ салом медоду аз паи кораш мешуд…
Ногоҳ ба хотири Адолат чизе расида чеҳраи гирифтааш қадре кушода шуд. Зуд ба назди телефон омаду гўшакро бардошта чанд рақам чинд. Ва интизор шуд. Баъди фосилае аз он тараф садои марде ба гўш расид.
– Алло!
Адолат: – Алло!
– Лаббай!
– Салом поччо. Мебахшед, Ситора дар хона?
– Ҳа, ҳамин ҷо. Марҳамат…
– Алло. Ситораҷон, салом. Хуб ҳастӣ? Бардам ҳастӣ? Ман Адолат…
– Ҳа, Адолатҷон. Салом. Худат чӣ хел?
– Ман… ман, – Адолатро гиря гулўгир кард.
– Адолат, ба ту чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ, дугона?
– Ман… ба ту кори зарур дорам.
– Тинҷӣ ҳаст? – хавотир шуд Ситора.
– Тинҷӣ мешуд, туро нофор намекардам, бубахш…
– Хайр, канӣ тезтар гап зан. Худаш чӣ гап? Алахонам кардӣ.
– Ба ману бачаҳои ман то пагоҳ дар хонаи ту ҷой ёфт мешавад?

пешина
аз 315
навбатӣ