Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ки рўбаҳ рабояд зи дандони шер.
Барзу бо шунидани номи Афросиёб чун гулбарг меафрўзад ва бо надомат мегўяд:
Барзу. Эй бехирад,
Наёяд туро ханда з-ин гуфти худ,
Ҷаҳондори додору додовар ўст,
Ки рўзидеҳи бандагон яксар ўст!
Чи гўӣ кунун, кист пури Пашанг,
Чаро омадаст ў бад-ин роҳи танг?
Наёям ба гуфтори ту пеши ўй,
Ки оям зи ҳар бадгумон пеши ўй.
Рўин (хурўшида ва ба ғазаб омада).
Беҳурматӣ кардӣ дар ҳаққи олампаноҳ!
Барзу. Барои туст олампаноҳ, вале барои ман – хаси сари роҳ!
Руин. Зи яздон магар рўй бартофтӣ,
К-аз ин гуна гуфторҳо бофтӣ.
Зи фармони шаҳ барматобон сарат,
Ки шамшер ёбӣ ту андархўрат!
Зи доно шунидам ба ҳар рўзгор,
Ки фармони шоҳро мадоред хор!
Барзу. Эй марди беобу арз!
Ҳар он шоҳ, к-ў додгустар бувад,
Ба ҳар ду ҷаҳон шоҳи сарвар бувад.
На ин бехирад, к-аз хирад дур шуд,
Равонаш бари деви муздур шуд.
Чи дониш бувад бо чунин тоҷвар,
Ки бошад ҳамасола бедодгар?!
Маро бахт ёр асту шоҳам худоӣ,
Надорам ҷуз ў шаҳ дар ин ду сарой!
Руин. Шаккокӣ мекунӣ!
Барзу. На, ин шаккокӣ нест. Беҳтараш бираву ба шоҳи
гурезаат бигўй, ки зуд тарки ин манзилу диёр бикунад.
Руин (дар ғазаб). На, ман ин тур назди ў нахоҳам баргашт.
Ё туро мебарам ё каллаатро!
Барзу. Биозмой!
Руин. Худоё, мадад!
Даст ба наём бурда ханҷар мекашад. Ва ба Барзу ҳуҷум мекунад.

пешина
аз 315
навбатӣ