Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

(Ганҷур ҳамоно фармудаҳои шоҳро муҳаё месозад).
Барзу (ба он чизҳо нигариста):
Эй шоҳи Мочину Чин,
Сарафрози Эрону Тўронзамин.
Наёяд, ба кори ман ин сози ҷанг,
Ба сўзан надўзанд чарми паланг.
Чу ҷома на дархўрди мардум бувад,
Ҳамон мард андар миён гум бувад.
Маро бозу эзид қавӣ офарид,
Ба нерўи ман даҳр марде надид.
Маро дархўри зўр бояд камон,
Ситабрии гурзам дучандон ҳамон.
Аз ин даҳгазӣ найзаам бештар,
Ҳамонаш ситабри дучандон дигар.
Афросиёб (ба Ҳумон):
Биёр он камоне, ки Тўри далер,
Бад-ў ҷуст пайваста пайкори шер.
Ҳамон гурзу ҳам найзаи мо биёр,
Бад-ин номвар марди ҷангӣ супор.
(Ганҷур батакрор супориши шоҳро фаврӣ баҷо меорад).
Барзу. Берун хиромед пешам кунун,
Маро озмоеду резед хун.
Ба тиру ба найза, ба гурзу ба теғ,
Мадоред захме зи ҷонам дареғ!
Афросиёб. Ку, Ҳумон, Гулбеди Гурд, Гарсеваз, Гуром,
Тарзон! Ба ҷанг дароед! Бубинам, ки дар муқобили ин шермард чӣ сон истодагарӣ мекунед.
(Байни паҳлавонони шоҳ ва Барзу ҷанги тан ба тан оғоз меёбад. Паҳлавонон ба зарбаҳои Барзу тоб наоварда, саҳнаро тарк мекунанд ва назди шоҳ омада, ба зону мезананд).
Паҳлавони 1. Аз ў зўртар нест кас дар ҷаҳон!
Паҳлавони 2. Зи бегона зот аст, дорам гумон!
Паҳлавони 3. Надорад каси хокӣ ин сон тавон!
Пирон (пеши шоҳ зону зада):
На мардумнажод аст, к-Охарман аст,
Ба ў кўҳи Албурз дар ҷавшан аст!
Ҳумон. Шоҳо! Ба яздони тобанда моҳ!
Ба рўзи сапеду шабони сиёҳ,

пешина
аз 315
навбатӣ