ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Фиристам ба Ҳиндустонаш ба ҷанг,
Бад-он ҷой созам ман ўро диранг.
Ба чарбӣ дилашро ба ҷанг оварам,
Дигар солаш эдар ба ҷанг оварам.
Зи тухми бузургон супорам занаш,
Намонам, ки ранҷе расад бар танаш.
Хусрав (шодона). Додам ўро ба ту !
Рустам. Ташаккур, шаҳриёр! ( ба Фаромарз)
Бардор пой!
Мар-ўро бибар то ба пардасарой.
В-аз он ҷо бисоз аз паи роҳ барг,
Мар-ўро бибар то ба даргоҳи Арк.
Далерони Зобул саворе ҳазор,
Бурун кун зи лашкар ҳама номдор.
Зи ҷинси бузургону хешони гав,
Бад-он то набошад касе пешрав.
Мар-ўро бад-он ҷо ба банди гарон,
Бибандам ба мисмори оҳангарон.
Бар ў бар нигаҳдору ҳушёр бош,
Сари худ зи душман нигаҳдор бош!
Фаромарз. Ба чашм, падар!
Қароргоҳи Афросиёб дар Шуғнонзамин. Вай аз шикасти
навбатӣ сахт ғамгину ошуфтаҳол аст. Хизматгор медарояд.
Хизматгор. Шаҳриёро!
Зане боисрор шуморо дидан мехоҳад.
Афросиёб. Бигў, дарояд.
Баъди лаҳзае Шаҳрў ворид мешавад. Таъзим мекунад.
Кистӣ? Аз куҷоӣ? Ва аз ман чӣ мехоҳӣ?
Шаҳрў. Куҷо рафт, эй шоҳ, Барзуи ман?
Зи дардаш харошида шуд рўи ман!
(Дасти дуо ба ҳаво мебардорад).
Яло, шердил Барзуи паҳлавон!
Куҷо ёбам акнун, чӣ гўям туро?
Чӣ гўям ба мўя, чӣ мўям туро?
(Боз рў ба Афросиёб мегардонад).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё