Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Эй шоҳи туркони Лочину Чин,
Ҳамасола басти миёнро ба кин,
Чӣ кардӣ мар-он сарви нозандаро,
Чӣ кардӣ мар-он моҳи тобандаро?
Афросиёб. Эй зан, чӣ дорӣ хурўш?
Сухан бишнаву боз овар ту ҳуш!
На кушта-ст Барзуву на хаста шуд,
Ба оварди Рустам ҳаме баста шуд.
Шаҳрў. Баҳри худоӣ,
Ба яздони рўзидеҳи раҳнамоӣ,
Бигўй маро ин замон ў куҷост?
Ба бад андарун ў, бигўӣ, чарост?
Афросиёб. Бигуфтам, ки зинда-ст он номвар,
Аз ин беш чизе надонам дигар.
Шаҳрў. Пас ба ҷустуҷўяш меравам.
Афросиёб. Хавфнок аст роҳ туро!
Шаҳрў. Барои ту хавфнок аст.
Барои модар фарқе надорад.
Афросиёб. Биист, эй зан!
Шаҳрў бошитоб меравад. Афросиёб ҳайрон мемонад.

Қасри шоҳи Эрон. Пеши саҳна. Шаҳрў дар каноре истода
мардумро наззора дорад. Ин дам Рустам бо дасти баста ва ба гардан ҳамоил дар иҳотаи чанд тан сарбоз мегузарад.
Шаҳрў (ба раҳгузаре). Бигўед!
Чӣ ном аст ин мард бар сони сарв,
Ба сурхӣ рухонаш чу хуни тазарв?
Роҳгузар. Ин номвар Рустам аст,
Сарафрозу аз тухмаи Найрам аст.
Шаҳрў. Дастбаста чарост?
Раҳгузар. Дар ҷанги Барзуи шер,
Биёзурд бозуи марди далер.
Ба овардгоҳ дасти ў хаста гашт,
Ба чашмаш ҳаме хира шуд рўи дашт.
Шаҳрў. Эй номдор.
Чаро бошад акнун бари шаҳриёр,

пешина
аз 315
навбатӣ