ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
Зи баҳри чӣ монд андар ин боргоҳ,
Суи Систон чун насозад ба роҳ?
Роҳгузар. Хусрав чу аз ҷанг боз,
Ба Эронзамин омад аз баҳри ноз.
Биёмад бари Хусрави номвар,
Бад-ў гуфт Кайхусрави пурҳунар,
Бимон пеши ман рўзу шаб шоду маст,
Марав, то шавад беҳтар ин дарди даст,
Зи фармони Хусрав натобид сар,
Сарафарози гурдон-гави пурҳунар.
Ҳамедораш пеши худ рўзу шаб,
Гиромиву майро гирифта ба лаб.
Шаҳрў. Чун дасти ўй,
Шикастаст з-он пас ҳамон кинахоҳ,
Ба кина сипаҳдори Эронсипоҳ?
Роҳгузар. Барзуро баста бар сони шер,
Фаромарз бурда сўи Систон.
Худу номдорони Зобулистон,
Ба жарбанди Арк андарун зору хор,
Ба банд андар аст он гави номдор,
Бад-он, то чу Рустам шавад боз ҷой,
Бигардонад он теғзанро зи пой.
Шаҳрў. Худоё, чиву чун кунам,
Ки пои вай аз банд берун кунам?
Чӣ чора-сту дармони ин кор чист?
Дар ин раҳнамунӣ маро ёр кист?
Сиистон. Диёри Рустам. Арк. Растаи гавҳарфурўшон.
Дўкончаи гавҳарфурўш Баҳром. Шаҳрў, ба саҳна ворид шуда, назди Баҳром меояд.
Шаҳрў. Эй пурҳунар хубрўй,
Нигаҳ кун
(Аз ҷайб як панҷа гавҳар бароварда, ба Баҳром нишон медиҳад)
Бад-ин пораҳои гуҳар,
Касеро фурўш ин ва ё худ бихар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё