Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Баҳром. Эй номҷўй,
Киро бошад ин, эй бути моҳрўй?
Шаҳрў. Эй б-офарин,
Шунав, то бигўям туро ҷои ин,
Маро шавҳаре буд бозоргон,
Гузида ҳаме дар миёни сарон,
Ҷавонмарду озодаву хубрўй,
Ҷаҳонгўю фарзонаву чарбгўй.
Ба Омул фурў шуд ба ору бимурд,
Маро дар ғаму дарду шеван супурд.
Аз ў монд ин гавҳару симу зар,
Басе дурру ёқуту тавқу камар.
Баҳром. Агар дигарат ҳаст, фардо биёр,
Ки то ман барам назди ҳар шаҳриёр,
Ситонад, ҳар он кас, ки хоҳад зи ту,
Мапиндор, к-ин кас рабояд зи ту.
(Саҳна торик мешавад. Фақат ровӣ менамояд).
Ровӣ. Дар ин гуна ду моҳ он ҷо бимонд,
Ки он достон бар касе барнахонд,
Наёрист бо ҳеҷ кас гуфт роз,
Ҳамебуд рўзу шаб андар гудоз.
Ҳаме шаб нахуфтӣ зи андўҳу дард,
Ҳаме баркашидӣ зи дил оҳи сард.
Ба дарбанди Арк омада гоҳ-гоҳ.
Ҳаме кардӣ аз дур бар вай нигоҳ.
Саҳна равшан мешавад.
Шаҳрў дар назди арк. Чашм ба дарвоза. Баҳром меояд.

Баҳром. Дар хона нағнудаӣ?
Бад-ин вақт эдар куҷо будаӣ?
Шаҳрў. Дилам аз ғаму дард пажмурда шуд,
Бад-он омадам тозиён сўи Арк,
Магар аз дилам гум шавад дарду марг.
Баҳром. Эй хуб зан,
Биё имшабе то ба айвони ман,
Баросой он ҷову дил шод дор,
Равонро зи андеша озод дор,
Ки ромишгаре дорам он ҷо ҷавон,

пешина
аз 315
навбатӣ