Зеҳн
ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Навозандаи рўду ороми ҷон.
На мард аст, ў низ чун ту зан аст,
Ба ромишгарӣ фитнаи барзан аст.
Ба наздики Барзу бувад рўзу шаб,
Ба овози ў бошад ўро тараб.
Мар-ўро биёрам ба наздики ту,
Ки равшан кунад ҷони торики ту.
(Аз шунидани ин хабар Шаҳрў хушҳол мешавад).
Шаҳрў. Ташаккур, барои ҳидоят, вале
... тарсам, ки дарди сарат
Физояд зи ман, чун биёям барат.
Баҳром. На, эй шерзан,
Наёяд аз ин ҳеҷ ранҷе ба ман.
Шаҳрў. Пас меравем.

Саҳна торик, баъди фосилае рўшан мешавад.
Қароргоҳи Барзу. Барзу ғарқи баҳри андеша. Ромишгар медарояд.

Барзу. Баргў, куҷо будаӣ?
Ки дар хонаи хеш нағнудаӣ?
Ромишгар. Эй паҳлавон!
Ба коми ту бодо замину замон!
Ба ҷону сари паҳлавони замин,
Ки чизе нагўям дурўғ андар ин.
Дар ин диж ҷавонест борою хуш,
Варо ном Баҳроми гавҳарфурўш,
Маро гуфт: имшаб ба хони ман ой,
Бирафтем наздики он раҳнамой,
Зане буд меҳмони гавҳарфурўш,
Ки чун ў надидам ба рою ба ҳўш,
Ба боло чу сарву чу хуршед рўй,
Харошида рўю фурў канда мўй.
Чу ман даст кардам ба барбат дароз,
Сиришкаш зи дида бурун ронд боз.
Хурўше бароварду хуни ҷигар,
Биборид бар рўи чун моҳу хур.
Басе кард зориву мўягарӣ,

пешина
аз 315
навбатӣ